(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мусобиқаи футболобозони наврас,-«Бойчечак» ба анҷом расид.Тибқи нақша чорабиниҳои якҷояи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Шӯъбаи маориф, Федератсияи футболи шаҳр ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон ва дар доираи таътили зимистонаи мактаббачагон Мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид футбол барои дарёфти мукофоти «Бойчечак - 2017» байни толибилмони муассахои таҳсилоти миёнаи умуми аз санаи 4 то 28 январи соли 2017 дар майдони варзишии Мактаби варзишии № 1 баргузор гардид.
Мусобиқаи ниҳоӣ чунин дастаҳои футболбозони наврасро аз рӯи се синну сол ғолиб муайян намуд. Байни наврасони солҳои таваллудашон 2004-2005 аз 12 дастаи иштирок намуда, ҷойи якум ва унвони чемпиониро Мактаби таҳсилоти умумии №2 соҳиб гардид. Дар ҷои дуюм Гимназияи № 4, ва дар ҷойи 3-юм Гимназияи № 24 қарор гирифтанд.
Байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2003 аз 18 дастаи ширкат намуда, ғолибиятро Литсейи №1 ба номи М.Осимӣ соҳиб гашт. Мактаби таҳсилоти умумии №6 ва Гимназияи № 4 ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.Ҳамчунин дар мусобиқа 28 дастаи футболбозони муҳассилини солҳои таваллудашон 2000-2001 низ иштирок намуда бо нишондиҳандаи беҳтарин Гимназияи № 4 ғолибияти комилро ба даст овард. Ҷойи дуюмро Литсейи №1 ба номи М.Осимӣ ва ҷойи сеюмро Гимназияи ба номи Гётэ соҳиб гаштанд.
Дар чорабинии ҷамбастии ин мусобиқа Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуда, тамоми ғолибон ва бозингарони беҳтаринро, ки аз ҷониби ҳайати доварон муайян гардида буданд, бо дастоварди варзишиашон табрик намуда, ба онҳо Ҷом, медалу диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқаи мазкур аз соли 2000 ум баргузор гашта, мақсади онро масъулин дарёфти варзишгарони соҳибистеъдод ва тарғиби ин намуди варзиш арзёбӣ менамоянд.
Дар мусобиқаи имсола бошад 58 даста ва 900 нафар ҷавонону наврасон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуданд.