(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Олимпиада беҳтаринҳоро муайян кардДар асоси Низомномаи Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баҳри баланд бардоштани завқи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ, ошноии хонандагон бо кашфиёти нави илмҳои муосир ва технологияҳои пешқадам, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор кардани шавқи онҷо дар ҳалли масъалаҳои фанҳои дақиқ, баёни озодонаи фикр, дарёфт намудани хонандагони боистеъдод ва таблиғи интихоби бошууронаи касб бо ибтикори Маркази дарёфти рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар давраи таътили зимистонаи толибилмон байни хонандагони синфҳои 5-8 олимпиада баргузор гардид.
Олимпиада дар гимназияи №1 ба номи М. Беҳбудӣ ва МТМУ №5 гузаронида шуда, дар он 937 нафар довталаб ширкат варзида, донишу истеъдоди хешро аз фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ва фанҳои табиию риёзӣ санҷиданд. Ҳайати ҳакамон ба кори ҳар як иштирокчии олимпиада баҳои воқеӣ доданд. Аз теъдоди умумии иштирокчиён беш аз 166 нафар сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, шогирдони муассисаҳои таълимии №15,19,21,22,10, мактабҳои хусусии ба номи Пӯлотов, «Ирфон», «Паймони азизон», «Файз», гимназияи №4 ва литсейи хонандагони болаёқат аз ҳама бештар соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гаштанд. Ба ғолибон ифтихорнома ва сипосномаҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд супорида мешавад.