(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бояд тамоми маҳаллаҳои шаҳр ободу гулзор бошандДар шаҳри Хуҷангд корҳои ободонӣ, сабзкорӣ ва ниҳолу гулшинонӣ вусъати тоза мегирад. Яке аз корҳои муҳиме,ки соли равон  тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ба нақша гирифта шудааст, ин таҷдиди майдонҳои гулу дарахтони сояафкан дар маҳаллаҳои соҳили рост шаҳр аст.
Нимаи аввали рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо иштироки  муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони кумитаи маҳаллаҳо роҳбарони сохторҳои масъули ободонӣ, кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, ба истифодабарии манзил, кормандони масъули дастгоҳ дар кӯчаҳои марказии маҳаллаҳои “Мевағул” ва “Дӯстии халқҳо” ҷаласаи кории сайёр намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии масъулини зикргадида  аз рафти корҳои тоза намудани ҷӯйборҳои кӯчаҳои ин маҳаллаҳо, ҳамвору омода намудани майдони гулу ниҳолшинонӣ, решакан намудани дарахтони хушкида ошно гардид.
Шариф Шарифзода диққати шахсони масъул ба хусус раисони кумитаҳои маҳаллаҳоро ба ширкати фаъолонаи сокинони маҳал дар корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ, риояи талаботу маърифати шаҳрдорӣ дар биноҳои баландошёна ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки минбаъд бояд ба корҳои ободу зебогардонӣ ва гулпарварӣ на танҳо дар кӯчаю хиёбонҳои марказӣ балки дар ҳудуди тамоми маҳаллаҳои шаҳр эътибори ҷиддӣ дода шавад.