(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ниҳолшинонӣ дар шаҳри ХуҷандСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҳамроҳи кормандони мақомоти давлатӣ, сохторҳои дахлдори ободонию кабудизоркунӣ ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар хиёбони «Истиқлол» ширкат намуданд.
Минбаъд бештар аз 200 бех ниҳолҳои навъи ардач қади роҳи ин хиёбонро оро хоҳад дод, ки масофаи он наздик 2 километрро ташкил медиҳад. Назар ба маълумоти Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд дар чорабинии имрӯза наздик 1500 нафар ширкат намуда, дар як вақт дар корҳои тахту ҳамвор намудани мавзеҳои ниҳолшинонӣ ширкат менамоянд.