(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи футболбозони наврас «Бойчечак» оғоз ёфт.Дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маориф ва нақша чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади ҷалби хонандагон дар давраи таътили зимистона ба мусобиқаҳои варзишӣ, дарёфти истеъдодҳо ва варзишгарони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушодаи шаҳрӣ оид ба футбол барои дарёфти мукофоти "Бойчечак" байни наврасони соли таваллудашон аз соли 2000 то соли 2005 оғоз гардид.
Ин мусобиқаи анъанавӣ аз санаи 4 то 29 январи соли 2017 дар Муассиаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и маркази вилоят идома меёбад.
Назар ба иттилои масъулини ин чорабинӣ барои ширкат дар ин мусобиқа дастпарварони муассисахои таълимӣ синну соли 2004-2005, 12 даста, соли таваллудашон 2002-2003 - 18 даста ва наврасони соли таваллудашон 2000-2001 - 20 даста дархост пешниход намуданд. Ғолибони мусобиқа дар мусобиқаи ҳамсоли вилоятӣ иштирок хоҳанд кард.