(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд дарахтон бо усули нав обёрӣ мешаванд.Аз субҳи имрӯз бештар аз 20 нафар кормандони қитъаи кабудизоркунии  шаҳр  майдони ниҳолу гулшинонии кӯчаи ба номи Р. Ҳоҷиевро тахту ҳамвор намуда, барои шинондани ниҳолҳои сояафкан омода менамоянд.
То имрӯз дар ин минтақа 76 бех ниҳоли навъи ардач ва 55 бех ниҳоли навъи санавбар шинонда шудааст.
Тибқи нақшаи Сарраёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ  дар маркази вилоят соли равон шинондани бештар аз 3 ҳазор дарахтони сояафкан ва 800 ҳазор қаламчаи гули садбарг пешбинӣ гаштааст.
Назар ба иттилоти масъулини соҳа соли равон дар мавзеҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд ба ғайр аз навъи ниҳолҳои зикргардида ҳамчунин дарахти намудҳои булут, каталпа, санавбари шарқӣ шинонда шуда, бо назардошти таркиби хоки маҳаллаҳои кабудизоркунии соҳилирости шаҳр, ниҳолу дарахтон бори аввал бо усули қатрагӣ обёрӣ карда хоҳанд шуд. Ин усул имкон медиҳад,ки  дар баробари сарфаи оби полезӣ теъдоди хушкашавии ниҳолу дарахтон аз беобӣ ба ҳаддӣ поён бурда шавад.
Ҳамарӯза барои корҳои омодасозӣ, ниҳолшинонӣ ва ба тартиб даровардани гулу бутта ва дарахтони сояафкан бештар 150 нафар кормандону мутахассисон фаъолият бурда, то имрӯз чунин корҳо дар хиёбонҳои Истиқлол, баноми И. Сомонӣ, кӯчаҳои ба номи С. Полвонов, С. Умари, Бофанда Гагарин ба анҷом расонда шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар маркази вилоят аз 10 декабри соли сипаригашта оғоз ёфта, бо назардошти боду ҳаво то аввали моҳи март идома меёбад.