(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дастури Раиси шаҳр иҷро мегардадЧуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем ҳафтаи равон Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҳангоми боздиди кори худ аз муассисаҳои варзишии шаҳр доири ба анҷом расондани корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуду атрофи ин муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода буд.
Имрӯз бо роҳбарӣ ва ширкати   бевоситаи  Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шахри Хуҷанд бо мақсади иҷроши супориши Раиси шаҳри Хуҷанд ва баргузории Аксияи ҷумхуриявии 75 – рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» дар ҳамаи муассисаьои варзишии шахри Хуҷанд маъракаи ободонӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дастури Раиси шаҳр иҷро мегардадДар 6 мактабҳои варзишӣ ва Варзишгоҳи Спартак зиёда аз 230 нафар ҷавонон, варзишгарон, мураббиён ва кормандони муассисаҳои зикргардида  иштирок намуда, гирду атрофи мактабьо тоза намуда, дарахту буттаҳоро ба тартиб дароварда, ҷуйбору   ва майдонҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд.
Ҳамчнин дар доираи Аксияи ҷумхуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» ҳамчунин  бахшида ба эълон гаштани соли 2017 чун соли ҷавонон, зиёда аз 50 дона дарахти хамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии  шаҳри Хуҷанд тасмим дорад, дар мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар тамоми муассисаҳои варзишӣ корҳои ободонӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои сояафканро идома диҳад.