(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ифтитоҳи қасри боҳашамати варзишӣ дар шаҳри ХуҷандТавре аён мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои ин нишондоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешсафу ибратомӯз аст. Дар яке аз толорҳои қасри варзиш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 130 нафар кӯдакону наврасоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Ҳамин тариқ то имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҷмӯъ ба 787 нафар ятимони бе падару модар кӯмаки моддии Президенти кишвар расонда шуд. Бояд таъкид дошт, ки ин амал дар доираи иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар иҷро мегардад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги қасри варзишӣ суханронӣ намуда, аз авҷ гирифтани сохтмони иншооти гуногуни варзишӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар ва ба дастовардҳои баланд дар арсаи ҷаҳонӣ ноил гардидани варзишгарони тоҷик арзи хушнудӣ намуд.Тавре аён гардид, қасри варзиш аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он толорҳои калони варзишӣ барои бозиҳои гуногун, маҷлисгоҳ, толори қабули меҳмонони расмӣ, утоқҳои маъмурӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд. Ифтитоҳи қасри боҳашамати варзишӣ дар шаҳри ХуҷандДар ошёнаи дуюм толорҳои машқӣ барои намудҳои бокс, дзюдо, гӯштин, тенниси рӯи миз, шашкаву шоҳмот утоқҳои корӣ, буфет ва ғайра мавҷуданд. Ошёнаи сеюм бошад, барои воситаҳои ахбори умум ва утоқҳои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст.Масоҳати умумии Қасри варзиш 8300 м/кв буда, толори асосии он дорои 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон Ифтитоҳи қасри боҳашамати варзишӣ дар шаҳри Хуҷандмебошад. Толорҳои варзишиии ин қаср ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, дорои имконияти ба роҳ мондани мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, бокс, волейбол, баскетбол, акробатика, гимнастикаи варзишӣ ва бадеӣ, гӯштини тарзи озод, дзюдо, камарбандӣ, гӯштингирӣ, гандбол, футзал, бадминтон, шашка, шоҳмот, каратэ, якҳарбаи шарқӣ, теннис, тенниси рӯи миз ва амсоли инҳо мебошад.Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якқасри боҳашамати варзишӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, сохтмони он бо ҳидояти Президенти кишвар моҳи апрели соли 2012 шуруъ шуда буд.