(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Бахшида ба Соли ҷавонон муассисаҳои варзишӣ фаъолияти худро беҳтар месозанд.Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо мақсади шиносоии бевосита аз муассисаҳои варзишии маркази вилоят боздиди корӣ намуд. Ҳангоми шиносоии Раиси шаҳри Хуҷанд аз чаҳор мактабҳои варзишӣ, ҳамчунин Мактаби варзишии захираҳои олмпӣ ва Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ба Шарифзода Шариф Файз иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои зикргардида   ҷавонону наврасон аз рӯи намудҳои  варзишии футбол, карате-до, тенниси рӯи миз, дастхобонӣ, якҳарбаи шарқӣ, чавгонбозӣ камонварӣ, тирпарронӣ, шоҳмот, волейбол, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шашка, вазнбардорӣ, гимнастика, тенниси калон ва ғайра омӯзиш гузаронида тарбиятгаронро ба мусобиқаҳои  сатҳи мухталиф омода менамоянд. Ҳангоми сӯҳбату шиносоӣ бо фаъолияти ҳар кадоме аз ин муассисаҳо Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияту мураббиёни доири сатҳи баргузории машқҳои омӯзишӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба варзишгарони наврас, истифодаи усулҳои муосири тамрин, дастовардҳои варзишгарони наврас дар соли сипаригашта, ширкати фаъолонаи онҳо дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дастуру супориш дод.
Ҳамчунин ба мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов супориш дода шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба эълон гаштани соли 2017 чун соли ҷавонон барои таъмиру азнавсозии бархе аз иншоотҳои муассисаҳои варзишӣ, таъмини онҳо бо лавозимоти варзишӣ ва гузаронидани корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар ҳудуду атрофии ин муассисаҳо нақшаи солнаи мушаххас таҳия намуда, корбарӣ намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд дар 6 муассисаҳои варзишӣ 130 нафар мураббиён ба 3787 нафар ҷавонону наврасон машқҳои варзишӣ мегузаронанд.