(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Чорабинии идона дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли нави мелодӣ ва ташкили истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони маркази вилоят  шурӯъ аз 12-уми декабр дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд” арчаи солинавӣ ороста, барномаҳои фарҳангии идона пешкаши сокинон карда шуд. Дар ин чорабинӣ тибқи нақша аз санаи 12-ум то 21-уми декабр мактабҳои миёнаи шаҳр ва аз санаи 22-ум то 30-уми декабр муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои  маркази вилоят бо барномаҳои рангини худ баромад намуданд. Ҳамчунин аз санаи 22-ум то 30-уми декабр ҳамарӯза аз соати 17-00 то соати 19-00 муассисаҳои фарҳангии шаҳру навоҳии вилоят бо барномаи солинавӣ табъи сокинони шаҳри Хуҷанд ва меҳмононро шод гардониданд.
Сокинони маркази вилоят бо истифода аз имкони мавҷуда ҳамарӯза ба тамошои намоишномаҳо меомаданд. Дар ин саҳнаи назди арчаи солинавӣ баробари донишҷӯён, ҳунармандони касбӣ, ҳамчунин соҳибистеъдодҳои нав низ, баромад намуданд, ки ин саҳна барои камол ёфтани онхо дар оянда як заминаи воқеӣ мегузорад.
Чорабинии ҷамъбастӣ бегоҳи санаи 31 декабр бо иштироки роҳбарияти шаҳр баргузор шуд. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода иштирок намуда, табрикоти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонд. Ҳамчунин худи ҳамин рӯз роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 16-нафар фаъолони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳрро бо диплом ва мукофоти рамзӣ қадрдонӣ намуд.
Ин чорабинии солинавӣ бо намоишҳои рангин ба анҷом расида, ҳакамон беҳтаринҳоро муайян намуданд. Ҳамин тавр ҷои аввалро дастаи  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ишғол намуданд. Ҷои дуюм насиби дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюм Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дониста шуда, ғолибон соҳиби тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд. Ҳамчунин барои иштироки фаъол дастаи ДДХ, ДДҲБСТ ва коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз бо дипломҳо сарфароз гардонида шуд.

Маркази иттилооти Дастгоҳи

Раиси шаҳри Хуҷанд