(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Барқияҳои табрикотии солинавӣ ба унвони Раиси шаҳр.Ба муносибати Соли нави 2017 ба унвони Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода аз номи раисони бародаршаҳрҳои Могилёви Ҷумҳурии Белорусия В.М.Цумарев ва Урумчии Ҷумҳурии халқии Чин Илҳом Собир барқияҳои табрикотӣ  расидаанд. Мири шаҳри Могилёв В.М.Цумарёв  зимни муборакбодии хуҷандиён изҳори умедворӣ кардааст, ки «соли 2017 барои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ роҳи васеъ кушода, он пур аз воқеаву рӯйдодҳои фаромӯшношуданӣ хоҳад буд. Бигзор дар Соли нав барору комёбӣ ҳамроҳи мо бошад ва он ба рушду нумӯъ ва гул-гулшукуфии шаҳру кишварамон мусоидат намояд».
Ин гуна барқияҳои табрикотии солинавӣ ҳамзамон аз номи расиони кулли шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, вилоят, ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ, вилояту сохторҳо бахшида ба фарорасии Соли нави милод-2017 расиданд. Дар онҳо баробари муборакбодии мардуми Хуҷандшаҳр ҳамзамон зикр мегардад, ки маркази маъмурии вилояти Суғд-Хуҷанд чун шаҳри саноатӣ ва қадимаю ҳамешаҷавон дар рушду нумӯъи кишвари соҳибистиқлоламон саҳми назаррас дорад. Табриккунандагон дар шахси Шарифзода Шариф Файз ба кулли сокинони Хуҷандшаҳр дар Соли нав саломативу саодати рӯзгор ва барору муваффақиятҳо хостаанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ингуна барқияҳои муборакбодии солинавӣ аз номи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурӣ М.Маҳмудзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода ба унвони Раиси шаҳр омадаанд.