(2 голоса, среднее 4.50 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Аёдат дар арафаи Соли навДар арафаи Соли нави милод тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти МИҲД шаҳр ва масъулони сохторҳо аёдати шахсони барӯманд, оилаҳои камбизоат ва мӯҳтоҷон ба ҷо оварда шуд.
Рӯзи гузашта баъди зӯҳд Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба аёдати 10 нафар шахсони мӯътабари шаҳр, нафароне, ки дар рушду нумӯъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр саҳми назаррас доранд, ба монанди Санавбар Исломова, Муҳаммадҷон Комилов, Мансур Наҷмиддинов, Очил Файзуллоев, Башорат Махсумова, наврасони маъюб Аъзам ва Рухшона Абдурашидовҳо ва дигарон рафта, эшонро бо фарорасии Соли нав табрик гуфт ва барои дастурхони солинавии онҳо маводҳои ғиззоӣ тақдим кард. Зимни сӯҳбати гарму самимӣ Раиси шаҳр Шариф Шарифзода аз хизматҳои шоистаи эшон дар рушду нумӯъи шаҳр ёдовар шуда, зикр дошт, ки имрӯз арҷ гузоштан ба заҳмати насли калон аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Суллҳу Ваҳдати миллӣ, Пешови миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Дар навбати худ аёдатшудагон дар ҳаққи Роҳбари давлат, роҳбарияти вилояту шаҳр барои чунин эъзоздорӣ ва ғамхорӣ арзи сипос намуда, дуои онро намуданд, ки кишвари моро Худованд ҳамеша дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад ва дар сарзамини мо доимо сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошад.
Дар арафаи Соли нави милодӣ дар маҷмӯъ наздик 500 нафар аҳолии шаҳр аёдат карда шуданд.