(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иҷлосияи ҳаштуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардидИҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (даъвати панҷум)– ро Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Шариф Шарифзода оғоз бахшид ва дар толор Суруди миллӣ садо дод. Сипас Раиси иҷлосия маълум сохт, ки дар иҷлосия имрӯза ғайр аз вакилони Маҷлиси шаҳрӣ роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва махсус, раисони Кумитаи маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлати комуналии “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию комуналӣ” – и шаҳр, намояндагони васоити ахбори умум даъват шудаанд. Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва нақшаҳои некӯсозандаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдурраҳмон Қодирӣ, дар таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, корҳои шоистаро ба анҷом расонид ва имрӯз дар баробари ҷамъбасти сол мо нақшаҳои соли нави 2017 – ро баррасӣ хоҳем кард.
Дар рӯзномаи иҷлосия якчанд масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нахуст ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2016 шунида шуд. Сипас оид ба ҳисоботи Раиси шаҳр як қатор вакилон ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро баён карданд. Баъдан силсилаи қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд марбут ба мавзӯъҳои мухталиф аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид. Вакилон ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, ки ба ивази вакилони хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Ситора № 13 ва Хуросон №29 интихоб гардиданд, тасдиқ намуданд.  ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Суғдиён, № 31 Муинова Матлуба Сайфиддинова оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ шунида шуд.
Оид ба тасдиқи ҳисоботи буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2015 ва баррасии лоиҳаи буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2017 сардори Раёсати молияи шаҳр Абдусалом Бобоҷонов баромад кард ва вакилон қарори марбут ба ин масъаларо қабул карданд.
Дар иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси шаҳр оид ба масъалаҳои кадрӣ, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, дар бораи тасдиц намудани қарори Раиси шаҳр “Дар бораи нишондиҳандаҳои асосии Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2017-2019” , “Дар бораи бетағйир мондани қарори иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 28- уми декабпи солт 2015, №69 “Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд”, тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд.   ихтиёрдорӣ намудани амволи ба моликияти давлат воридшуда, тасдиқи нархномаҳои истифодабарии оби нӯшокӣ ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор гирифта тасдиқи худро дарёб карданд.
Дар иҷлосия муовини Раиси Вилояти Суғд Абдуллозода Назира Ғаффорӣ иштирок ва суханронӣ намуд. ҳамин тавр Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд кори худро ба анҷом расонид.