(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Бонуи саодатмандДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҷлили ҷашни 70-солагии инсони меҳнатқарин, бонуи ҳалиму хоксор Мукаррамхон Бузурукова таҷлил гардид. Чорабиниро Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо сухани ибтидоӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдат- Пешвои миллат ҳамеша хизматҳои фарзандони фарзонаи миллатро қадр менамоянд. Яке аз чунин ин бонуҳои ба давлат хизматкарда, соҳибҷашни имрӯза Мукаррамхон Бузурукова мебошанд. Ин кас мураббии садҳо шогирдон буда, дар тарбияи инсонҳои наҷиб саҳми назаррас дорад. Шариф Шарифзода  фазилатҳои неки ин бонуи арҷмандро номбар карда, ба ӯ умри боқию тани сиҳат таманно кард.
Муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ дар шахсияти Мукаррамхон Бузурукова суханони самимӣ иброз дошта, табрикоти Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид. Сипас филми мустанад доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин накӯном намоиш дода шуд. Шоири Халқии Тоҷикистон, раиси шуъбаи иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳмадзод аз фазилати офаридгоҳ будани зан сухан карда, дар бобати тарбиятгари аҳли башар будани зан қиссаҳо гуфт. Намояндагони Ассотсиатсияи занони соҳибкори вилоят Шаҳноза Мирзобаҳодурова ва Муҳаббат Нозимова, зани фаъол Шуҷоат Ҳасанова, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод, муовини раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фирӯза Раҳимова, пайвандон Башорат Осимова ва набераи соҳибҷашн Нодирахон аз меҳрубонӣ, хушгуфторӣ, одамдӯстӣ ва хислатҳои наҷиби Мукаррамхон Бузурукова ҳарф заданду дар ҳаққаш сухани дил рӯ карданд ва бонуи фариштахӯро гулборон карданд.