(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзонМувофиқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ санаҳои 29 ва 30 декабри соли равон  дар майдони Регистони мавзеи Панҷшанбе шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.
Субҳи имрӯз ярмаркаи мазкур оғоз гардида, новобаста аз номусоиди ҳаво ва боридани борон харидорони зиёдро ҷамъ намуд. Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Истаравшан, Мастчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Гулистон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, гӯшти парранда, тухм, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор аз 30 то 40 % арзон пешниҳоди сокинон намуданд.
Назар ба маълумоти масъулини соҳа барои харидорон дар маҷмӯъ 268 тонна маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, 125 тонна картошка, 50 тонна маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нӯшокиҳо, 23 тонна пиёз, 11 тонна сабзӣ, 10 тонна равған, 9 тонна себ ва ғайра пешниҳод гардид. Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини дастрасии сокинон ба маҳсулоти арзони ниёзи аввала, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот дар арафаи  таҷлили соли нави мелодӣ ташкил гардидааст.