(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шиносоӣ бо рафти сохтмони нахустин кӯдакистони ПрезидентӣҲоло дар иншоти мазкур беш аз 300 нафар бинокорон бо кор ва маоши баланд таъмин гардида, корҳои сохтмону васлгариро бо суръат ва сифати хуб идома медиҳанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дастур дод, ки дар болои бомҳои биноҳо панелҳои офтобӣ барои таъмини мустақил бо нерӯи барқ гузошта шаванд. Таъкид гардид, ки биноҳои кӯдакистон бояд дорои навтарин шабакаҳои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва шароити беҳтарини гигиению санитарӣ бошанд.Ин кӯдакистон, тибқи лоиҳа бо 5 бинои дуошёна барои 640 кӯдаки болаёқату соҳибистеъдод пешбинӣ шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо боистифода аз масолеҳи сабуки сохтмонӣ сеошёна карда шуда, шумораи кӯдакон ба 1000 нафар расонда шавад. Дастур дода шуд, ки сохтмони кӯдакистон то 1 уми ноябри соли 2013 ба поён расонда шавад.Дар бинои асосии кӯдакистон ҳавзи шиноварии кӯдакона, толори машқи мусиқӣ ва ҳуҷраи компютерӣ пешбинӣ шуда, биноҳои дигар низ аз шароити хуби замонавӣ бархӯрдор хоҳанд буд. Дар ҳудуди кӯдакистон 16 майдони бозию шавқмандсозии кӯдакон, як майдончаи варзишӣ ва як майдон барои омӯзиши бехатарии ҳаракат дар роҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз хоҳанд шуд. Шиносоӣ бо рафти сохтмони нахустин кӯдакистони ПрезидентӣТавре иттилоъ доданд, сохтмони ин кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд охирҳои моҳи феврали соли 2013 оғоз ёфта, то 1 июн аз 16 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетии барои ин кор пешбинишуда 5,7 миллион сомонӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ харҷ шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо рафти сохтмон ва таҷҳизи нахустин кӯдакистони президентӣ, ки дорои навовариҳои зиёди замони муосир хоҳад буд, шинос шуд.Тавре аён гардид, кӯчаю хиёбонҳои ин шаҳри бостонӣ ба истиқболи солгарди навбатии Рӯзи Шиносоӣ бо рафти сохтмони нахустин кӯдакистони ПрезидентӣВаҳдати Миллии Тоҷикистон ба таври идона ороста шуда, корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла дар 5 моҳи соли равон 35 иншооти нав ба кор даромада, дар онҳо якуним ҳазор нафар соҳиби кори доимӣ гардидаанд. Тибқи нақша то охири сол шумораи иншооти нав ба 70 адад ва ҷойҳои нави корӣ бояд ба 3 ҳазор расонда шавад.Субҳи имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.