(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!
Мо бо соли 2016-уми таърихӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани азиз, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегӯем ва соли нави 2017-уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.
Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо сокинони Хуҷандшаҳрро бо фарорасии соли нави мелодии 2017 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу мекунам.
Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2016 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастоварҳои назаррас буд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил ёфтааст. Маҳз дар заминаи кӯшишҳои пайваста ва фидокоронаи ин абармарди миллат давлати куҳанбунёди мо бо ҷилои нав эҳё гардид.
Сокинони шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригардидаистода меҳнати пурсамар намуда, дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ин самт талош варзиданд.
Итминони комил дорем, ки дар соли 2017- соли ҷашнгирии 20-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ таҳти сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон боз ҳам шукуфонтар гардида, мардуми он дар фазои сулҳу субот корҳои созандаву бунёдкоронаро идома хоҳанд дод. Дар ин лаҳзаҳои фарорасии Соли нави 2017-и мелодӣ мо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар такя ба неруи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои худ ҳамаи имконият ва неруи хешро ба хотири таҳкими озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастоварҳои он ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар созем.
Чуноне, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Боварӣ дорам, ки дар баробари тамоми мардуми кишвар ҷавонони мо бо неруи тозаи созанда барои пешрафти кишварамон саҳми арзанда мегузоранд.
Бигзор, Соли нави мелодӣ, барои ҳар хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад.
Бигзор дар қалби ҳар яки Шумо нури умеду боварӣ ба ояндаи нек шўълабор бошад ва шоҳроҳи зиндагиатон ҳамеша гулафшону сарсабз гардад.
Соли нави мелодӣ муборак!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Шарифзода Ш.Ф.