(1 голос, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

«Соли нави файзбор» дар кӯдакистонДар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои фарҳангӣ –фароғатӣ ба истиқболи  фарорасии соли нави мелодӣ мегарданд.
Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 36 маркази вилоят кӯдакони гуруҳи синни миёна бо роҳбарии мураббии худ Мухбира Нурматова барномаи солинавиро бо номи «Соли нави файзбор» омода намуда пешкаши волидайн ва меҳмонони ин чорабинӣ намуданд.
Дар гурӯҳи мазкур 40 нафар кӯдакони синни 4-5 сола тарбия баробари тарбия ба онҳо забонҳои русӣ, англисӣ ва тарзи шеърхонӣ таълим дода мешавад.
Дар барномаи солинавӣ кӯдакони гурӯҳи номбурда саҳначаҳои  ҷолибро аз афсонаҳои дӯстдоштаи худ намоиш дода нақши қаҳрамонҳои афсонавиро ба монанди хирсу харгӯш, тоқисурхаку гургу ва Малвинаю саг Барбосро бо маҳорати баланд иҷро намуданд. Барои иҷроиши нақш ва ороиши саҳна ва омода намудани либоси солинавӣ ба кудакон мураббиёни пуртаҷриба Насиба Мусоева ва Машҳура Султонова саҳм гирифта кӯшиш намуданд, ҳар як саҳнаи омода намудаи тарбиятгирандагон маънии тарбиявӣ дошта бошад.
Чуноне, ки мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони мазкур Муаззама Мамадҷонова зикр намуд, чунин чорабиниҳои солинавӣ бо иштироки бевоситаи тарбиятгирандагони тамоми гурӯҳхои ин муассиса дар арафаи соли нави мелодӣ баргузор гашта, барои тарбияи маърифатии кӯдакон ва ташаккули завқи зебоипарастии онҳо мусоидат менамояд.