(1 голос, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба Консули Федератсияи Руссия изҳори тасаллият намудБегоҳии санаи 19-уми декабр дар пойтахти Ҷумҳурии Туркия, шаҳри Анқара дар натиҷаи сӯиқасд ба Сафири фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Руссия дар Туркия Андрей Карлов ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса аз сӯи ҷомеаи ҷаҳони вокунишҳои шидидро ба миён овард.
Рустам Рахматзода муовини аввали раиси вилояти Суғд ва Шариф Шарифзода  раиси шахри Хучанд бо чанде аз зиёиёну сокинони марказивилоят бо гулхои тару тоза назди бинои Консулгарии Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, ҳамдардии худро ба даргузашти сафири Россия дар Туркия Андрей Карлов баён намуда, дар китоби қайди хотираҳо таъзияи худро баён карданд. Консули генералии Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко таъкид  намуд, ки баъди ба амал омадани ин ҳодисаи даҳшатангез  сокинони тамоми давлатҳо бештар дарк менамоянд, ки ин амали гурӯҳҳои ифротгаро ҳаракати бераҳмонае аст, ки мо бояд ҳама якчоя бар зидди он мубориза барем.