(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Паёми навбатии Пешвои миллатро кормандони мақомоти маҳаллӣ бо руҳбаландӣ пазируфтанд.Имрӯз дар тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд, ҷомеаҳои меҳнатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун, омӯзгорону муҳассилини талимгоҳхои маркази вилоят, зиёиён, тамошои якҷояи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт.
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ бо ширкати муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шӯъба, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар кормандони мақомот дар маҷмӯъ бештар 150 нафар Паёми навбатии Пешвои миллатро тамошо намуда, онро чун раҳнамо ва нишондоди навбати барои фаъолияти минбаъда пазируфтанд.