(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

“Ганҷи сухан”: дастовардҳои фараҳбахшНишасти 146-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки санаи 15 декабри соли 2016 дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид бештар аз 200 нафар мухлисони адабу илмро ба ҳам овард. Маҳфилро масъули он Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бао нақшаи кории он ошно намуд. Сипас бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуфаттоҳ Раҳимов баромад намуда ҳозиринро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Дар бахши навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ дар мавзуи “Назаре ба фаъолияти солонаи нашриёти “Ношир” сармутахассиси шӯъбаи илми ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филология, дотсент Ромиз Абдулло баромад карда ҳозиринро бо китобҳои дар соли 2016 ба интишор расидаи нашриёти “Ношир” ошно кард. Воқеан дар соли равон ин нашриёт бештар аз 60 номгӯ асарҳои мухталифро интишор намуд, ки дар ғановатмандии муҳити фарҳангиву адабӣ ва илмӣ нақши бориз гузошт. Нашриёти мазкур дар соли сипаришуда сазовори чандин диплому ҷоизаҳои умумиҷуиҳурияӣ гардид Дар бахши “Ёди инсони некӯсиришт” аз  зиндагинома ва фаъолияти кории номзади илмҳои физика ва математика, дотсент собиқ ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, шодравон  Ғафурҷон Усмонов яке аз дӯстон ва ҳамкорони ӯ номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, декани факултети физика ва техника Раҳимҷон Назаров суханронӣ намуд. Воқеан Ғафурҷон Усмонов тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар донишгоҳи мазкур гузаронида азустоди оддӣ то ба мансаби ректори донишгоҳ расидааст. Оид ба сифатҳои баланди инсонгарӣ ва меҳнатдӯстиву ҷоннисориҳои ин инсони наҷиб муовини ректори ДДХ ба номи акадмик Бобоҷон Ғафуров Абдуфаттоҳ Раҳимов ва муаррихи номвар устоди донишгоҳ Абдуҷалил Бобокалонов дар заминаи хотираҳои худ сӯҳбатҳои муассиреро ироа карданд.
Ин дафъа аз  минбари шеъри маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Доро Наҷот суханронӣ ва шеърхонӣ намуданд.Сипас аз ҷониби масъули маҳфил Саидумрон Саидов фаъолияти маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар соли 2016 ҷамъбаст шуд. Мутобиқи гузориши ӯ маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”дар соли равон 12 нишасти худро аз нишасти 135 то 146 баргузор намуд. Нишастҳои маҳфил дар толори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Қасри фарҳанги “ Истиқлол”-и Гулистон, факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,деҳаи Ёйчии Ҷамоати деҳоти Ёваи н. Бобоҷон Ғафуров, Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ, Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд, китобхонаи ДДҲБСТ, дар китобхонаи вилоятии Тошхоҷа Асирӣ баргузор гардид. Дар маҷмӯъ 22 суханрониҳо, 11 навгониҳои илмиву адабӣ, 26 маърӯзаи илмӣ 13 баромад ва мушоираҳои адибон, 12 баромади ҳунармандон 5 монтажи адабии донишҷӯён  шунида шуд. Ҳамчуни дар партави “Ганҷи сухан” маҳфилҳои хоса таҳти унвони “Умари Хайём - ҳаким ва шоири ҷаҳонӣ” бахшида ба рӯзи Хайём ва ”Бишнав аз най” бахшида ба рӯзи Мавлоно баргузор гардид.

Саидумрон Саидов дастовардҳои муҳими маҳфилро ба тариқи хеоирн зикр кард:

1.      Имсол низ ҳафтавори “Сухани халқ” саҳифаи “Ганҷи сухан” нашри худро идома дод.
2.      Дар партави маҳфили “Ганҷи сухан” дар шаҳру ноҳияҳо маҳфилҳои адабӣ ҷоннок карда шуд ва дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла Исфара маҷаллаи адабии “Ганҷи Исфара” муттасил интишор гародида истодааст.
3.      Маҳфил анъанаи ҳамкориву робитаи ҳамешагиро байни адибону олимони  вилоят ва ҷумҳурӣ вусъат бахшид.Дар нишастҳои маҳфил пайваста аз гӯшаву канори кишвар адибону олимон ширкат варзиданд.
4.      Маҳфил дар чопу нашри китобҳо низ саҳми худро гузошт. Аз ҷумла дар якҷоягӣ бо ДДҲБСТ китоби “Хвакант-Хуҷанд” ро аз чоп баровард. Ҳамчунин дар нашри маҷмӯаи мақолоти узви вобастаии академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад “Равзани хирад” саҳми худро гузошт.
5.      Маҳфил нашри аввали фаслномаи худро таҳти унвони “Ганҷи сухан” аз чоп баровард, ки ба дасти хонандагонаш расид.

Баъдан беҳтаринҳо бо ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла:

Барои дастгирии ҳамаҷонибаи маҳфил ва суханронӣ:

1.      Фарзона – Шоири халқии Тоҷикистон;
2.      Тоҷибой Султонӣ – мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робитаи бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд;
3.      Анвар Мақсудӣ – ректори ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров;

Барои беҳтарин маърӯзаҳои илмӣ:

1.      Абдунабӣ Сатторзода. Муаррифии нашри нави девони Ҳофиз. Нишасти 136;
2.      Бобокалонов Абдуҷалил. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои илм, таълим,  забон ва таъриху фарҳанг. Нишасти 136;
3.      Матлуба Амонзода. Назаре ба китоби тозанашри “Эмомалӣ Раҳмон – пешвои миллат”. Душанбе, 2016. Нишастаи 137;
4.      Баҳром Мирсаидов. Мулоҳизаҳо доир ба рӯзгори устоди устод Садриддин Айнӣ. Нишасти 138;
5.      Ҷӯрабек Исоматдинов. “Назаре ба таърихи номҳои баъзе аз ҷамоат ва деҳоти ноҳияи Б.Ғафуров”. нишасти 139;
6.      Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло. Забони тоҷикӣ дар масири таърих. Нишасти 143;
7.      Ҳалимҷон Зоиров. Назаре ба “Куллиёти осор”-и устод Абдулманнони Насриддин. Нишасти 145.
8.      Исломҷон Раҳимов. Аз дирафши Каён то парчами Тоҷикистон. Нишасти 146;

Барои баррасии навгониҳои илмиву адабӣ:

1.      Зоҳидҷон Қӯрғонов. Нишасти 135;
2.      Сорбон Азизов. Нишасти 138, 144;
3.      Иззатбек Шехимов. Нишасти 142;

Суханронӣ ва мушоираи адибон:

1.      Нурмуҳаммад Ниёзӣ. Нишасти 135;
2.      Муҳиддини Хоҷазод. Нишасти 136;
3.      Мӯҳсин Аминзода. Нишасти 137;
4.      Толиби Озарахш. Нишасти 141;
5.      Баҳроми Раҳматзод. Нишасти 143;

Ҳунармандон:

1.      Ҷӯрабек Набиев. Нишасти 135;
2.      Самеъҷон Машарипов. Нишасти 142;

Барои ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ:

1.      Шарифзода Шариф Файз, раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз;
2.      Давлатзода Рухсора, раиси шаҳри Бӯстон;
3.      Сарфароз Юнусов, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд;
4.      Додохони Эгамзод , адиб ва журналист;
5.      Раҳимҷон Аминҷонов- декани факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
6.      Дилшод Бобоҷонов- наворбардори маҳфилҳои “Ганҷи сухан”;
7.      Рустам Ҳоҷибоев – директори телевизиони “Ҷаҳоноро”;

Маҳфилро сарояндагони хушовоз Абдумавлон Дадобоев, Мӯъминҷон Муллоев ва дастаи навозандагони факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оҳангу сурудҳои дилнишин ҳусни дигар бахшиданд.