(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

«Тирози ҷаҳон» - оинаи ХуҷандшаҳрБахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси илмӣ таҳти унвони «Мақоми васоити ахбори омма дар пешрафти ҷомеа» доир гашт.
Конфронсро ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҳабибуллозода оғоз бахшида, доир ба мавқеи ВАО дар рушди ҷомеа сухан кард.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода дар мавзӯи «Мақоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон» маърӯза намуд. Аз ҷумла, Раиси шаҳри таъкид кард, ки конфренсияи имрӯза дар рӯзи таҷлили 24 солагии газетаи шаҳрии “Тирози ҷаҳон” баргузор мегардад ва дар давоми ин солҳо он ба нашрияи дӯстдоштаи сокинони шаҳр табдил ёфт.
-Ман мехоҳам дар ин ҷо оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар густаришу пешрафти ин соҳа баъзе андешаҳоямро баён намоям. Қабл аз ҳама  бояд зикр кард, ки маҳз сиёсати дурбинонаи сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар доираи принсипҳои воқеънигорӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии фикру андеша ва таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, ба халқу Ватани худ хизмат карда истодаанд. Сарвари давлат дар заминаи манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшад, - гуфт Раиси шаҳр Шариф Шарифзода.
Дар мавзӯи «Веҷагиҳои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо васоити ахбори омма» номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Ҷумъа Ёқубов сухан карда, дар бораи назарияҳои матбуот, хуб ба роҳ мондани ҳамкории рӯзноманигорон бо мақомоти маҳаллӣ ва амсоли инҳо маълумот дод.
Ҷӯрабек Исоматдинов номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик зери унвони «Матбуоти чопии вилоят ва инъикоси воқеаҳои муҳими ҷомеа дар он» маърӯзаи илмӣ намуда, мақолаҳои рӯзномаҳои вилоятиро ба риштаи таҳлил кашид.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» Фарзона Алиева аз таърихи таъсисёбии нашрия ва мавқеи он дар фазои иттилоотии шаҳри Хуҷанд ибрози назар кард.
Дар фарҷоми конфронс Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ба собиқадорони рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» Мавлуда Шарифова, Мирзоғанӣ Валиев, Вера Абенова, Монаднисо Рустамова, мухбирони фаъол Абдуллоҷони Fанӣ, Анварҷон Fафур, Зебо Абдуллоева ва хонандаи фаъоли рӯзнома Каромат Юнусова Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро тақдим кард.

Мавзуна Ваҳҳобова,
Тирози ҷаҳон»