(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шарҳи қарорҳои Раиси шаҳрРаиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи фарзандони барӯманди шаҳр, ходимони давлатию ҷамъиятӣ Умаров Акобир Қозихонович ва Қурбонов Юсуф Ҳоҷибоевич қарорҳои махсусро ба имзо расонд, ки тибқи он санаҳои 20 ва 30 декабр 75 солагии собиқ раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Қурбонов Ю.Ҳ. ва собиқ котиби якуми кумитаи партиявии шаҳр Умаров А.Қ. таҷлил карда мешавад.
Тибқи бандҳои алоҳидаи қарорҳо шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳр, идораи сохтмони асосии шаҳр, идораи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд якҷоя бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ муаззаф гардидаанд. Дар асоси қарорҳои мазкур идораи рӯзномаи «Тирози ҷаҳон», радиои шаҳрӣ, ширкатҳои телевизион ва радиои «СМ-1», «Азия» ва «Танин» оид ба ҳаёт ва фаъолияти Умаров А.Қ. ва Қурбонов Ю.Ҳ. бояд барномаҳо таҳия намуда, мақолаву очеркҳо ба табъ расонанд.
Ёдовар мешавем, ки Умаров А.Қ. солҳои 1974-1985 дар вазифаи котиби якуми кумитаи партиявии шаҳри Хуҷанд ва Қурбонов Ю.Ҳ. солҳои 1985-1988 дар вазифаи раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд софдилона меҳнат карда, дар рушду нумӯъи шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштаанд.