(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар машқи тактикии сӯхторхомӯшкунандагон ширкат намудДар мавзеи бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят машқи тактикии Хадамоти оташнишонии шаҳр баргузор гардид. Тибқи нақшаи пешакӣ як тан аз сокини шаҳр оид ба «сар задани сӯхтор» дар болои боми бозори марказӣ ба сӯхторхомӯшкунандагон хабар дод. Аллакай баъди 5 дақиқаи сар задании сӯхтор кормандони Хадамоти сӯхторхомӯшкунии шаҳр ба ҷойи «ҳодиса» омаданд. Аз он, ки алангаи оташ торафт «вусъат» гирифта, ба биноҳои атрофи бозор «таҳдид» мекард, сӯхторхомӯшкунандагон барои ёрӣ ҳамкасбони худро аз Хадамоти сӯхторхомӯкунии шаҳри Бӯстон ва ноҳияи ба номи Б.Fафуров низ даъват карданд.  Сӯхторхомӯшкунандагон бо 5 адад нақлиёт таи 45 дақиқа оташро хомӯш карда, 10 нафар одамони «зери оташи дуд монда»-ро наҷот доданд. Онҳо тавассути мошини «ёрии таъҷилӣ» дар беморхонаи наздиктарин бистарӣ карда шуданд. Ногуфта намонад, ки ба кӯмаки сӯхторхомӯшкунандагон аъзои ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр низ бо нақлиёти худ омаданд. Раиси шаҳри Хуҷанд дар машқи тактикии сӯхторхомӯшкунандагон ширкат намудРафти машқро Раиси шаҳр Шариф Шарифзода назорат карда, баъди анҷоми он ба сӯхторхомӯшкунандагон ва кулли иштирокчиёни чорабинӣ барои маҳорати баланди касбиашон арзи сипос кард. Зимни суханрониаш ӯ гуфт, ки таи 11 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр 53 сӯхтор сар зада, дар натиҷа ба аҳолӣ ва хоҷагии халқ 420 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расида, 1 нафар  ҳалок шудааст.
Фаъолони чорабинӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдиронида шуданд.