(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Пирӯзии дастаи ҳозирҷавобони шаҳр ХуҷандДар муассисаи давлатии Қасри ҷавонон ба ном Лоиқ Шералӣ даври ниҳоии озмуни «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмун таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонони эҷодкор, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, такомули санъат ва маҳорати суханварӣ мебошад.
Аз дусад дастаи ҳозирҷавобони вилояти Суғд 7 даста ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд. Аз шаҳри Хуҷанд дастаи мактабҳои №15, 28, гимназияи №13 дар ин озмун ширкат варзиданд. Мавриди зикр аст, ки ҷойи аввал насиби дастаи ҳозирҷавобон ва хушдлони мактаби №15, ҷойи дуюм насиби дастаи мактаби №28 аз шаҳри Хуҷанд  гардид.
Ғолибон бо Ҷоми озмуни «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шуданд.