(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба ифтихори 16-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ: Ваҳдат - бақои миллатБо мақсади таблиғу ташвиқи ҷашни Ваҳдати миллӣ чун унсури худшиносию худогоҳии миллӣ ва аҳамияти иди фархунда дар ваҳдату ҳамдилии аҳли башар бо назардошти таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва нақши профессор Атахон Сайфуллоев дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти олим, адабиётшиноси маъруф тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва фармони шӯъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаи таҳсилоти хусусии «Гимназияи ба номи Гёте» конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-меъмори бузурги сулҳу Ваҳдати миллӣ» ва «80-солагии профессор ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Атахон Сайфуллоев» бо иштироки меҳмонони хориҷиву дохили кишвар баргузор гардид.

Ба ифтихори 16-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ: Ваҳдат - бақои миллатДар чорабинӣ директорони мактабҳои шаҳри Душанбе, намояндагони китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ва омӯзгорони макотиби миёнаву олии шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Дар қисми аввали конфронс хонандагони гимназия доир ба раванди имзошавии Созишномаи истиқрори сулҳ ва талошу азми мардуми Тоҷикистон дар ин марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ баромад намуданд.

Тариқи проектор нутқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музокирот бо мухолифин ва натиҷаву самараи ин гуфтушуниди тӯлонӣ шунавонида шуд.

Ба ифтихори 16-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ: Ваҳдат - бақои миллатКорманди гимназия, иштирокчии ҷанги байналмилал Т.Ғафурҷонов оид ба Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон сухан намуд.

Хонандаи синфи 9 Таҳмина Зокирова бо лоиҳаи худ, ки барои гирифтани дипломи DSD, дараҷаи В1 дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори варзида» омода карда буд, дар назди ҳозирин бо забони немисӣ баромад кард.

Қисми дуюм бевосита бо намоиши филми ҳуҷҷатӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти профессор Атахон Сайфуллоев оғоз гардид.

Сипас, А.Сайфуллоев бо суханҳои оташини худ маҳфилро боз ҳам гармтар намуд. Дар рафти сӯҳбат мавсуф китоби Ё.В.Гётеро нишон дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки бесабаб Саидумархон Каримов (руҳаш шод бод) гимназияро ба номи ин аллома номгузорӣ накарда буд, зеро Гёте ба адабиёти халқи тоҷик меҳри хосае дорад ва танҳо ном гирифтани девони машҳури «Девони шарқиву ғарбӣ»-и ӯ кофист, ки  то чӣ андоза ба адабиёти мо эҳтиром гузоштааст. Баъдан устод китоби тозаэҷоди худ «Гулшакар»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, онро бо эҳтироми бузург ба Ба ифтихори 16-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ: Ваҳдат - бақои миллаткитобхонаи гимназия тӯҳфа намуд.

Дар фарҷом директори гимназия Ф.Каримова баромад карда, устодро бо ин ҷашни фархунда шодбош намуд.

М.Шарифова-ҷонишини сарвар оид ба корҳои тарбиявӣ, М.Муҳиддинова-омӯзгори фанни забони давлатӣ, Н.Ҳамдамова - омӯзгори суруд ва мусиқӣ дар хубу хотирмон гузаштани конфронс саҳми назаррас гузоштанд.