(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ширкати Раиси шаҳр дар намоишу муаррифии асарҳои Пешвои миллат.Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Китобхонаи оммавии вилоятии баноми Т. Асирӣ муаррифии ду китоби тозанашри Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, -“Чеҳраҳои мондагор” ва “Забони миллат, ҳастии мллат” ва намоиши китобҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуда, назди ҳозирон баромад намуд.
Баъди намоиши гузориши тасвирӣ аз таърихи давлатдории муосири мамлакат Раиси шаҳри Хуҷанд доири саҳму хизматҳои арзандаи Пешвои миллат сухан ронда изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмадандонаи ин шахсияти таърихӣ даврони истиқлолияти кишвари маҳбуби мо дар ҷаҳон муаррифӣ гашта, Тоҷикистон чун кишвари дорои тамаддун ва арзишҳои бой эътибор пайдо намуд. Ширкати Раиси шаҳр дар намоишу муаррифии асарҳои Пешвои миллат.Баъдан аз ҷониби кормандони китобхонаи мазкур муаррифии китоби “Чеҳраҳои мондагор” ва Забони миллат ҳастии миллат” доир гашта, ҳамзамон Директори  китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Т. Асирӣ Баҳром Мирсаидов ба Раиси шаҳри Хуҷанд китоби тозанашри Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, “Забони миллат, ҳастии мллат” тақдим гардид.