(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мусобиқаи тенниси рӯи миз байни наврасон.Тибқи нақша чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд  дар толори варзишии Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи дохилии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №3»-и шаҳри Хуҷанд оид ба тенниси рӯи миз байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2008 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 50 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Ғолибони мусобиқа байни духтарон Муроди Сабрина, Мусозода Файзинисо ва Юлдошова Мадина, байни писарон Мусозода Амон, Акбаров Фируз ва Темирҷонов Миртемир бо ифтихорномаю медалҳо қадрдонӣ шуданд.