(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Тӯҳфаи Раиси шаҳр ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонБахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,ки соли равон бори нахуст таҷлил мегардад, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз меҳмони чорабинии якчанд муассисаҳои иҷтимоии шаҳр бахшида ба ин рӯз доир гашт ширкат намуд.
Қабл аз ҳама Раиси шаҳри Хуҷанд ба мактаб интернати махсуси ёрирасони шаҳр гардид.
Бо кӯмаки омӯзгорон барномаи адабӣ-фарҳангии наврасони ин мактаб парваришгоҳ пешкаши иштирокдорони ин ҷамъомад гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз баробари таманниёти нек таъкид намуд, ки барои имрӯзиён ва насли оянда боиси ифтихор аст,ки шоҳиди таҳаввулоти таърихӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, боло рафтани худшиносӣ аз дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ба хотири эҳтирому арҷгузорӣ аз ин сол минбаъд Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Тӯҳфаи Раиси шаҳр ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонШарифзода Шариф Файз дар интиҳо ба тамоми хонандагони ин мактаб-парваришгоҳ либосҳои мактабӣ тӯҳфа намуд.
Тӯҳфаи Раиси шаҳр ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамчунин Раиси шаҳр аз ҳолу зиндагии кӯдакони Муассисаи давлатии махсусгардондашудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Ширхоргоҳ кӯдакистони № 26, ки тифлони нутқу шунавоиашон  нуқсондор ва Тӯҳфаи Раиси шаҳр ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонМактаб парваришгоҳи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст дидан намуда, бо омӯзгорон мураббиён ва ҳамшираҳои шавқати ин муассиса мулоқот намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба тамоми тарбиятгирандагони ин муассаҳо низ либоси мактабӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.