(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Хуҷанд.

Субҳи имрӯз дар Қасри фарҳангии «Суғдиён»- марказивилоят чорабинии бо тантана бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз тамоми иштирокдорон ва сокинони шаҳри Хуҷандро бо ин санаи таърихӣ муборакбод гуфт.
“Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 22 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикони олам, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаьои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад. Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Хуҷанд.

Таҳкими минбаъдаи давлатдории миллиамон, қабл аз ҳама, аз эҳтиром, риоя ва татбиқи самараноки меъёрҳои Конститутсия аз ҷониби кулли шаҳрвандон вобастагии ногусастанӣ дорад.”- қайд намуд  дар баромади худ Раиси шаҳр.
Дар қисмати фарҳангӣ бошад ҳунармандони маъруфи вилоят ва гурӯҳҳои ҳунарӣ ва истеъдодҳои ҷавони шаҳр бо барномаи ҷолиби идона баромад намуданд.