(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П.Пӯлотов» 20-сола шудДар Кохи пуршукӯҳи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П.Пӯлотов» чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғоз аз таърихи мактаб ва фаъолияти пурсамари устодону шогирдони ин таълимгоҳ тариқи навор филми ҳуҷҷатӣ пешниҳод гардид. Сипас директори Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П.Пӯлотов» Парвинахон Муъминова зимни суханронӣ перомуни таърихи мактаб ва саҳифаҳои дурахшони ин боргоҳи илму маърифат суханронӣ намуд. Табрикот ва таманниёти Раиси шаҳри Хуҷандро намояндаи шуъбаи идеологияи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ба самъи устодону толибилмон расонд. Намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд А. Аслонов зимни табрикот хотираҳои хешро дар бораи таъсисёбии нахустмактаби хусусӣ дар ҷумҳурӣ баён дошт. Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ табрикот ва таманниёти хешро ба муассис ва ҳайати устодону толибилмони мактаб баён дошта, аз рӯзҳои аввали фаъолияти кории хеш дар мактаби мазкур ва аввалин хатмкунандагони он ёдоварӣ кард.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов зимни суханронӣ таъки кард, ки рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия пеш аз ҳама ба фаъолияти пурсамари муассисаҳои таълимӣ иртиботи қавӣ дорад. Хушбахтона, дар шаҳри Хуҷанд теъдоди мактабҳое, ки дар рушди таълиму тарбияи насли наврас нақши созанда доранд, хеле зиёд мебошанд. Аз ҷумлаи чунин муассисаҳои таълимӣ Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П.Пӯлотов» мебошад, ки аз таъсисёбии он бист сол пур мешавад. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор омӯзгорони фаъолу эҷодкори мактаб унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Собиқ директорони мактаб А. Ғанизода ва М. Ҳомидова хотироти хешро аз фаъолияти ин боргоҳи маърифат бо нақлҳои ҷолиб баён доштанд. Омӯзгори фаъолу эҷодкори мактаб С. Мустаева перомуни фаъолияти таълимии хеш ва таълиму тадрис дар муассисаи таълимӣ андешаронӣ карда, ба муносибати ин ҷашни фархунда иштирокчиёнро табрику таҳният гуфт. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ хатмкунандаи мактаб Ганҷинаи Шӯҳрат ва Раиси кумитаи падару модарони муассиса Дилшод Зарифов низ суханронӣ карда, аҳли нишастро ба ҷашни фархундаи мактаб табрик гуфтанд.
Дар қисмати адабию мусиқии чороабинӣ бо баромади ҷолибу рангин толибилмони мактаб хотири иштирокчиёнро болида гардонданд.
Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П.Пӯлотов» моҳи сентябри соли 1996 дар асоси Қарори Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати вилояти Суғд ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонун «Дар бораи маориф» дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии шаҳри  Маскав ба номи М.Ломоносов, номзади илмҳои физика ва математика, профессор Пӯлод Атаевич Пӯлотов ташкил ёфт.
Дар муассисаи таълимӣ 35 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи 518 нафар хонандагон машғуланд, дар мактаб 8 нафар Аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 нафар устодон бо тахассуси олӣ фаъолият мебаранд.
Мактаб бо устодони соҳибтаҷрибаи хеш: Мустаева София Михайловна, Худойбердиева Муҳайё Абдуманоновна, Ғаниева Мавлуда Аюбовна, Кабелькова Елена Николаевна, Норматова Заррина Холиқҷоновна, Мамадҷонова Гулчеҳра Ҳикматовна, Ходҷаева Заррина Маъруфовна, Мирходҷаев Рустам Шарипович, Абдураҳимова Зайнаб, Оқилова Мунира Бобоҷоновна,  Раҳматова Мавсума Муинҷоновна ва ғайра, ки дар миқёси шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ маъруфанд, ифтихор менамояд.
Натиҷаи фаъолияти  пурсамари омӯзгорон аст,  ки ҳар сол хонандагон дар Олимпиадаи фаннии толибилмон дар миқёси шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Мактабро дар тӯли 20-соли фаъолият зиёда аз 400 нафар хатмкунандагон хатм намудаанд ва аксарияти онҳо ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуда, унвони донишҷӯиро сарфароз гардидаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд №783 аз 13 декабри соли 2013 қитъаи замин барои сохтмони комплекси таълимӣ – маърифатӣ барои 600 нафар хонанда дар микроноҳияи 28–ум ба Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П.Пӯлотов» ҷудо карда шуд. Комплекс аз се бинои таълимии дорои синфхонаҳои фаннӣ, лабораторияҳо, озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои маъмурию хоҷагӣ иборат мебошад. Айни замон сохтмони мактаби нав идома дорад.