(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мулоқоти судманд бо ҷавонон

Дар шаҳри Хуҷанд барои таҳкими корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни ҷавонону наврасон, ба хусус ҷавонони синни даъватӣ чораю тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Давомичанд моҳ аст, ки дар ташкилоту муассаҳои шаҳри Хуҷанд  бахши ҷавонон варзиш ва саёҳӣ шӯъбаи кор бо маҳаллаҳо ва иттиҳодияи ҷамъиятӣ бахшида, ҳамчунин ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мулоқоту вохӯриҳо доир менамоянд.
Чунин як чорабинӣ тибқи накша- чорабинихои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бобати таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқукии ҷавонон, пешгирӣ аз ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб дар Литсейи касбӣ- политехникии шаҳри Хуҷанд мулоқот бо ҳайати омӯзгорон муҳассилин ва ҷавонони фаъоли ин муассисаи таълимӣ касбӣ баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов, сармутахасиси шубаи кор бо маҳаллахо Муродова Санавбар, Раиси кумитаи маҳаллаи «Шарқ» Муқимчон Қобилов, иштирчиёни барқарорсозии сохти конситутсионӣ Мамадов Муродхон, ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии  барқароркунандагони сохти конситутсионӣ дар шаҳри Хучанд иштирок ба баромад намуданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки чунин вохуриву мулоқот дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр кумитаҳои махаллаҳо ва корхонаву ташкилотҳо бургузор гашта, бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон, ҷалби онҳо барои хизмат ба сафи артиши миллӣ равона карда шуда истодааст.