(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

«Санъат барои ҳама бо нигоҳи баробар»Фароҳам овардани шароити мусоид, дастгирии қишри осебпазири ҷомеа яке аз ҳадафҳои фаъолияти якҷоя ва ҳамкории иҷтимоии қисматҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад.
Дар Театри мазҳака-мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ барномаи консерти ситораҳои санъати тоҷик ва шахсони талаботи махсус дшта бо номи «Санъат барои ҳама бо нигоҳи баробар» баргузор гардид.
Чорабини мазкур аз ҷониби Коолитсияи миллии ташкилотҳои ҷамъиятии волидони кӯдакони имконияти маҳдуддошта, ки 26 ташкилотро муттаҳид менамояд доир карда шуд.
Мақсади чорабинии мазкурро ташкилкунандагони ин чорабинии хайриявӣ ба ҷомеа пешниҳод намудани қобилияти шахсони имконияташон маҳдуд арзёбӣ менамоянд.
Дар барномаи консертӣ ҳунармандони шинохта Хайрулло Дадобоев Шарифмуҳаммад Ниёзов, Ҷамшед Исмоилов, Дилноза Каримова Далер Кутузов гурӯҳи рақсии «Зебо» «Чаманоро», «Фалак» бо соҳибистеъдодҳои талаботи махсус дошта ҳунарнамоӣ намуданд. Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ паёми самимии Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода Файзро ба тамоми баргузоркунандагон, саҳмгузорон ва иштирокдорони ин барномаи ҷолиб расонда зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифӣ гаштани ҳунару истеъдодҳои щахсони талаботи махсусдошта ва дилгармии бештар онҳо ба зиндагӣ таккони ҷиддие хоҳад дод.
Ба ҳар кадоме аз иштирокдорон аз ҷониби Бонки «Эсхата» ва ширкати «Сомонсуғд» «Сипоснома», ҳазор сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.