(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мусобиқаи тирпарронӣ ҷамъбаст гардид.Бо мақсади тарбияи шоистаи насли наврас, тарбияи меҳанпарастӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ватанпарварии кӯдакону наврасон, инкишоф ва оммавияти мусобиқаҳои варзишӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли фарди солим мусобиқаи тирпарронӣ таҳти унвони «Нишонраси беҳтарин» баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа толибилмони 22 муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Дар байни дастаҳо М/Х «Ирфон» бо 222 хол мақоми аввалро соҳиб гашт. Ҷойи дуюмро бо касби 206 ва 196 хол мактаби №31 ва гимназияи №13 мушарраф гаштанд. Мактаби хусусии «Файз « ва гимназияи ба номи Гёте сазовори 193 ва 156 хол гашта, мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Дар байни духтарон Т. Обидова аз гимназияи №4 бо 47 хол нишонраси беҳтарин эълон гардид. Ҷойи дуввум насиби Ш. Абдураҳмонова аз М/Х «Файз» гашт.
Байни писарон бошад Абдуқуддус Абдуллоев аз М/Х «Ирфон», Илҳом Маҳмудов аз литсейи №1 ва Диловар Каримзода аз МТМУ №25 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар ҷамъбасти чорабиниии варзишӣ щолибон бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шуданд.