(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аз маҷлисҳои ҳисоботӣ: Баҳри саломатии собиқадорони ҷангу меҳнатДар кумитаи маҳаллаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботию интихоботии ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷанг ва меҳнати кумитаи маҳаллаи мазкур баргузор гардид. Дар он раиси кумитаи маҳалла Мухторҷон Шарифов, ҷонишини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Ҳошимҷон Осимов, собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, ҷанговарони интернатсионалист иштирок карданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷанг ва меҳнати маҳалла Ҳакимҷон Аҳмадов оид ба корҳои аз 7-уми апрели соли 2011 то имрӯз иҷро кардаашон ҳисобот дод. Ӯ зикр кард, ки ташкилоти собиқадорон фаъолияташро дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» ва Оинномаи ташкилоти ветеранҳои кишвар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани нақш ва мавқеи собиқадорони ҷангу меҳнат дар ҷомеа кӯшиши зиёд ба харҷ дод.

Аз маҷлисҳои ҳисоботӣ: Баҳри саломатии собиқадорони ҷангу меҳнатМаълум кард, ки ба ин ташкилот 37 нафар собиқадорони меҳнат, 5 нафар ҷанговарони байналмилал, 3 нафар ветеранҳои ақибгоҳ, 3 нафар гирандагони нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар муҳофизони сохти конститутсионӣ ва 2 нафар роҳбарони ташкилот ва муассисаҳо шомиланд. Дар давраи ҳисоботӣ 9 маротиба бо аъзои ташкилот ҷаласа доир карда, дар он қарорҳои ҳукуматҳои вилоят ва шаҳр, аризаҳои сокинони маҳалларо омӯхта, барои ҳалли мушкилиҳо тадбирҳо андешида шуданд. Дар музокира сокинони маҳалла Мақсудҷон Каримов, Турсунҷон Қодиров, Отуной Темирова, раиси кумитаи маҳалла Мухторҷон Шарифов ва чанде дигарон иштирок карданд. Дар охир 7 нафар собиқадорон ба узвияти ташкилот пазируфта шуданд. Ба раисии ташкилот аз нав Ҳакимҷон Аҳмадов интихоб шуд.