(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рӯзи «Асои сафед» бо иштироки Раиси шаҳр хотирмон гашт.Ҳамасола санаи 15 октбяр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рӯзи нобиноён қайд карда мешавад. Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Маркази тавонбахшии Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши аъзоёни ин иттиҳодия баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, роҳбари Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон Тӯра Давлатов, раиси кумиҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат намуданд. Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд дар назди ҳозирон баромад намуда, доири этибор, таваҷҷӯҳ ва ғамхории давлату ҳукумат дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони осебпазири ҷомеа ва имконияташон маҳдуд қайд намуд. Ҳамчунин Шарифзода Шариф Файз аз ин шахсон муроҷиат намуда, иродаи қавӣ, муҳаббати онҳоро ба зиндагӣ ва таҷрибаи паси сар намудани душвориҳоро барои дигарон намунаи ибрат хонд. Баъдан роҳбари Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон Тӯра Давлатов дар навбати худ барои дастгирию ғамхории давлату ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипосмандии кулли аъзоёни ҷамъияти нобиноёнро расонд. Барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, меҳнати содиқона дар коргоҳи Маркази тавонбахшии нобиноёни Хуҷанд Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба се нафар аъзоёни ҷамъияти аъмоён Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро бо тантана супорид. Ҳамчунин, раиси кумиҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба нафари аъзоёни ҷамъият тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистонро супорид. Лозим ба ёдоварист, ки бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 13 октябри соли равон ба 211 нафар шахсони нобино ва қувваи босираашон суст кӯмаки яквақтаи пулии 100 сомонӣ ва бо қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба 149 нафар чунин шахсон 200 сомонӣ супорида шуд. Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони фаъол ва эҷодкори иттиҳодияи ҷавонони «Созандагони ватан»- Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуда, барои тамоми иштирокдорон дастурхони хайриявӣ ороста шуд.