(0 овоз, миёна 0 аз 5)

300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ: Саҳм дар сабзкорӣ Кормандони Маркази солимгардонии беморхонаи шараёни дили вилоят қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов «Дар бораи 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро сармашқи кори худ намуда, ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат шанбегӣ мегузаронанд. Саҳни беморхона, ҷӯйборҳоро аз партов тоза намуда, таги дарахту буттаҳо, гулу сабзаҳоро нарм карда, майдонҳоро аз алафҳои бегона тоза мегардонанд. Тани ниҳолу дарахтонро сафед мекунанд.

Ба ин кори хайр хусусан духтурон, ҳамшираҳои шафқат ва коргарони беморхона Fаффорхон Ҷӯрабоев, 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ: Саҳм дар сабзкорӣ Наимхон Муртазоев, Ҳалимҷон Fафуров, Ҳалимахон Ортиқова, Сабоат Орифова, Ҳикматой Зоидова, Дилором Очилова, Рафоатхон Искандарова, Саноат Каримова, Тоҷинисо Аҳмадова, Эркин Бобоҷонов, Абдумаҷид Абдуқодиров, Муродҷон Мирбобоев, Абдуқаҳҳор Розиқов, Раҷаббой Нурматов саҳми босазо мегузоранд.

Ободиву ҳусни тоза бахшидан ба тарҳи беморхона имкон фароҳам меорад, ки маризон дар саҳни беморхона аз ҳавои тоза ва ободии муҳити атроф баҳраманд шаванд.