(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар ХуҷандДар маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили идона таҳти унвони «Бишнав аз най…» бо иштироки адибону шоирон, устодони факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва ДДҲБСТ, алоқамандони олами шеъру адаб баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДДҲБСТ Саидумрон Саидов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Мавлои Балх, мақому манзалати волои ӯ дар назми классики форсу тоҷик маърӯза кард.
Гули сари сабади маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва шоири ширинбаён Толиби Озарахш минбаъд тавассути қироати шеъру тарона ва зикри андешаҳои фалсафиву бузургӣ, хоксориву ваҳдатгароии шоир маҳфилро ҳусни тоза бахшиданд. Дар маҳфил ҳамчунин доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлуба Хоҷаева, номзадҳои илмҳои филологӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва Нуралӣ Нуров, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва дигарон баромад намуда, фикру мулохизаҳои хешро оид ба бузургӣ ва фасоҳати ашъори Мавлоно баён доштанд.
Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурӣ Муҳиддин Ғозиев бошанд, бо суруду таронаҳои дилангез бар ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ маҳфилро гарм карданд.
Дар интиҳо ба иштирокдорони маҳфил маҷмӯаи тозанашри ашъори Мавлоноро, ки онро шӯъбаи табъу нашри ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баровардааст, тақдим карда шуд.