(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи туризм дар Хуҷанд.Шоми рӯзи гузашта дар Маҷмаии таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" чорабинии идона бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии туризм баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ дар яке аз мавзеъҳои маҷмаа Маркази иттилоотии туристӣ ки аз ҷониби Асосиатсияи тараққиети туризми «Зарафшон» бунёд гардидааст расман ифтитоҳ гардид. Дар маросими кушодашавии ин маркази иттилоотӣ муовини Раиси шаҳрии Хуҷанд Умедахон Муродӣ, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зариф Мирдадо ва мудири Бахши кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳи шаҳри  Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ширкат намуданд.
Фаъолияти маркази иттилоотӣ барои тарғиби ташвиқи ҳунару суннатҳои миллӣ, фурӯши маводи армуғонӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ, пешниҳоди маълумот доири мавзеҳои туристии вилоят ва кишвар инчунин кӯмаки амалию методӣ барои роҳбаладони ширкатҳои турстӣ дастури иттилоотӣ ва методӣ пешбинӣ гаштааст. Таҷлили Рӯзи туризм дар Хуҷанд.Қабл аз оғози қисмати фарҳангӣ бошад сардори сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зариф Мирдадо табрикоти Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёхии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи хозирин расонид.
Муовини Раиси шаҳр  Умедахон Муродӣ низ дар навбати худ оиди дастовардҳои соҳаи туризм дар шаҳр қайд намуда ҳозиринро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда ба ширкатҳои туристии "Спутник", "Олами сайёхат", "Согдина трейд" ва Суғдиён Помир тур" барои иштироки фаъолонашон дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипоснома қадрдонӣ намуд. Дар охир барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби Бахши фарҳанг барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд. Лозим ба қайд  аст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 4000 нафар ҷавонону сокинон ва меҳмонони маркази вилоят иштирок намуданд.

Қабл аз оғозии қисмати фарҳангӣ