(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни вилоятӣ: Ҳунарнамоии «Fунчаҳои истиқлол»Кӯдакон ояндаи моянд ва бо хандаву ҳунарҳои зебои худ зиндагиро бароямон хуррам месозанд. Чеҳраи шоди онҳо дилҳоямонро тасхир сохта, моро аз нав ба олами тифливу наврасӣ мебарад. Даме мушкилоту камбудиҳои рӯзгорро фаромӯш карда, мафтуни наuмаҳои базебу дилкаши онҳо мешавем.

Озмуни вилоятии «Fунчаҳои истиқлол», ки дар Китобхонаи вилоятии бачагона доир гашт, 14 нафар дастпарварони кӯдакистонро аз 12 шаҳру ноҳия ба ҳам овард. Онҳо аз рӯи чаҳор шарти озмун: саломнома, иҷрои нақши қаҳрамонони афсонаҳои халқи тоҷик, кашидани расм дар мавзӯи «Модари манн беҳтарин», рақсидан ё хондани суруд зери оҳанги миллии кӯдакон байни ҳам маҳорати наттоқию актёрӣ ва малакаи суханрониашонро намоиш доданд.

Ҳайати ҳакамон мӯшикофона ба ҳар баромади тифлакони хандонрӯй баҳо дода, ҷои аввалро ба тарбиятгирандаи кӯдакистони №12-уми  шаҳри Хуҷанд Шукрона Шодиева лоиқ донист. Ҷои дуюм насиби Озмуни вилоятӣ: Ҳунарнамоии «Fунчаҳои истиқлол»Холдуна Иҷромова аз кӯдакистони №2-юми шаҳри Қайроққум ва Шаҳзода Маҳкамова аз кӯдакистони №1-уми шаҳри Конибодом гардид.

Ҳамзамон, ба ҷои сеюм Иззатой Ниёзова аз кӯдакистони №7-уми ноҳияи Б.Fафуров ва Зулфия Иномова аз кӯдакистони №42-уми шаҳри Исфара муяссар шуданд.

Озмуни вилоятии «Fунчаҳои истиқлол» собит сохт, ки кӯдакони мо дорои маҳорату малакаи кофӣ буда, ҳар барномаи омӯзондаи мураббиёнро бо тезӣ аз бар менамоянд.