(1 голос, среднее 2.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи донишУстодону омӯзгорони муҳтарам!
Хонандагони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои идона, ки мову Шумо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ба ифтихори ин санаи тақдирсоз ва ҷашни бузурги миллӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик намуда, ба хонандагон дар фатҳи қуллаҳои дониш, ба устодону омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям.
Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф аҳамияти хоса дода шуда, аз ҷумла таъкид шудааст, ки «Ояндаи миллат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.»
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омӯзгорон пирӯзиву комёбиҳо орзу дорем.
Хонандагони азиз!
Ояндаи кишвар ва тақдири давлату миллат дар дасти Шумост.
Ҳамчун анъана Рӯзи дониш бо дарси сулҳ ощоз мегардад, зеро ин ду мафҳум, дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо гӯшаву канори гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифтааст. Дар робита ба ин таъкид менамоем, ки ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси миллат, аз ҷумла Шумо хонандагон мебошад. Бинобар ин ҳар лаҳзаи умри худро сарфи донишомӯзӣ, забономӯзӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва техникаву технологияҳои муосир намоед, то ки ворисони ҳақиқии аҷдодони худ ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ гардед.
Умедворем, ки Шумо- омӯзгорону устодони муҳтарам рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва барору комёбиҳо таманно дорам.
Устодону омӯзгорон, донишҷӯёну толибилмони азизро бо фарорасии Соли нави таҳсил, Рӯзи дониш самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ, руҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Иди дониш фархунда бод, омӯзгорону толибилмони азиз!