(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сохтмон: БОFЧАИ КӮДАКОН БАРОИ 600 НАФАРБо шарофати сулҳу ваҳдат ва оромиву суботи ҷомеа корҳои созандагиву ободонӣ ва зина ба зина беҳтар шудани зиндагии мардуми озодандешу сулҳпарварамон муҳити созгору мусоид эҷод гардид, ки ободии маҳаллаву кўча, хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд далели равшани он мебошад.

Ҳамасола таҳти сиёсати дурбинонаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода садҳо иншооти хурду бузург сохта, ба истифода дода мешаванд.

Имсол низ дар арафаи рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар иншооти ҳаётан муҳим-кӯдакистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ барои 600 нафар кӯдакон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ба истифода дода хоҳад шуд.

Сохтмон: БОFЧАИ КӮДАКОН БАРОИ 600 НАФАРСохтмони бинои мазкур, ки моҳи феврали соли 2013 оғоз гардид, босуръат идома дорад.

Масоҳати умумии боғчаи мазкур 2112 метри мураббаъ буда, фармоишгари он Идораи сохтмони асосии вилоят, пудратчӣ ҶДММ «Раҳмониён» мебошад.

Сохтмон: БОFЧАИ КӮДАКОН БАРОИ 600 НАФАРАлҳол дар ин ҷо кор дар се баст ба роҳ монда шудааст. Бино ба гуфти муҳандиси ҶДММ «Раҳмониён» Раҳматҷон Тошматов боғчаи бачагона аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, ҳамчунин боғ, майдончаи варзишӣ ва ҳавзи обмонӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳои бетонӣ, хиштчинӣ, оҳанбандӣ хуб ҷараён доранд.

Ҳамчунин, Р.Тошматов афзуд, ки ҳамаи корҳои сохтмонӣ ва таъминоти масолеҳи сохтмонро ҶДММ «Раҳмониён» дар ӯҳда дошта, дар бунёди иншоот зиёда аз 150 нафар коргарон ва бо техникаҳои зарурӣ кор карда истодаанд. Сохтмончиён бо масолеҳи бинокорӣ таъмин буда, дар бунёди иншоот саҳми Рустам Ҷумъабоев, Ҷӯрабой Ҷумъабоев, Шарифҷон Олимов, Ӯлмасбой Ҷумъабоев, Р.Бойматов, Ф.Норбӯтаев ва Сохтмон: БОFЧАИ КӮДАКОН БАРОИ 600 НАФАРдигарон назаррас аст. Онҳо азм доранд, бунёди иншооти мазкурро дар мӯҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба итмом расонанд.

Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи лоиҳа дар саҳни бино барои таълиму тарбияи кӯдакон тамоми шароит муҳайё карда мешаванд ва онҳо қоидаи гузаштан аз роҳи мошингардро тавассути чароғакҳои раҳнамову гузаргоҳҳои махсуси пиёдагард меомӯзанд.