(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шаҳри Хуҷанд намояндаҳои бародаршаҳри худ,- Шимкентро пазироӣ намуд.Рӯзи гузашта гурӯҳи калони меҳмонони расмӣ аз шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо шаҳри Хуҷанд аҳди бародаршаҳрӣ дорад, таҳти роҳбарии Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Нурлан Сейтимов ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Дар минтақаи сарҳадии «Ойбек»-и вилоят меҳмононро, ки ба ҳайати онҳо роҳбарияти вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ва шаҳри Шимкенти ин вилоят, сиёсатмадорону соҳибкорон, ҳунармандон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ шомил буданд, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Абдураҳим Рашидӣ бо риояи  суннатҳои меҳмоннавозӣ  пешвоз гирифтанд. Шаҳри Хуҷанд намояндаҳои бародаршаҳри худ,- Шимкентро пазироӣ намуд.Дулат Абиш вакили Маслиҳати вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ, ки ҳамзамон узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба сиёсати ВАО аст, зимни сӯҳбат гуфт, ки дар бораи Хуҷанд ва таърихи 2500-солаи он бисёр шунидаасту хондааст ва он ҳама хондаву шунидаҳояшро имрӯз бо чашми сар мебинад…
Бояд тазаккур дод, ки робитаи ҳамкории иқтисодии ин ду шаҳр дар сатҳи ниҳоят баланд қарор дорад. Бино ба гуфти муовини раиси шаҳри Хуҷанд Абдураҳим Рашидӣ соҳибкорони хуҷандӣ дар Қазоқистони Ҷанубӣ фаъолияти худро ривоҷ бахшидаанд. Гардиши мол таи 10 соли охир байни Хуҷанду Шимкент наздик ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расидааст. Аз Шимкент ба Хуҷанд асосан гандуму орд, биринҷу маҳсулоти нафтӣ ворид мешавад. Дар навбати худ соҳибкорони хуҷандӣ ба вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ хушкмеваю рангҳои гуногун ва маҳсулоти консерва содирот мекунанд.
Дар мавзеи микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба ифтихори дeстии куҳани халқи тоҷику қазоқ маҳаллаи навбунёд-гузари Шимкент номгузорӣ гардид.
Ба ин муносибат тантанаи бошукeҳ баргузор гашт, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, мудирони шӯъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони маҳалла ва ҳайати намояндагони шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо роҳбарии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ҷаноби Нурлан Сейтимов, муовини Ҳокими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Уласбек Садибеков, муовини Ҳокими шаҳри Шимкент Нуртай Fайрат Иракули иштирок карданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ба чорабинӣ оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳозирин шинос кард.
Сафири фавқулодда ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов оид ба ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг ҳарф зад.
Муовини Ҳокими вилояти Ҷумҳурии Қазоқистони Ҷанубӣ Уласбек Садибеков мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, аз дeстиву бародарии миллати қазоқу тоҷик сухан кард. Аз ҳамкориҳои дуҷонибаи ҷумҳуриҳо дар соҳаи маориф ҳарф зада, изҳори хурсандӣ намуд, ки дар Тоҷикистон халқи қазоқ зиндагӣ дорад ва барои таҳсил бо забони миллиашон шароит фароҳам оварда шудааст, Чунин иқдом дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ дида мешавад ва ҳар ду ҷониб толибилмони таълимгоҳҳоро бо китобҳои дарсӣ таъмин месозанд.
Ҳамзамон дар хусуси яке аз кeчаҳои вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ «Хуҷанд» номгузорӣ гаштанаш хабар расонд.
Мизбону меҳмонон лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти толори варзишии «Олим» ва Кeдакистони хусусии «Афсона» оғоз бахшиданд.
Ин ду иншоот аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ Наимҷон Ҳасанов ва Музаффару Fайратҷон Усмоновҳо бунёд гардида, 30 нафар шаҳрванд бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд.Толори варзишии «Олим» дорои 40 намуд лавозимоти варзишӣ буда, дӯсторони варзиш дар ин толор метавонанд ба обутоби бадан, вазнбардорӣ, тамрини  варзиши сабук  машғул шаванд.
Кӯдакистони хусусии «Афсона» барои  180 кӯдак назардошт шуда, мураббиёни соҳибтаҷриба ба таълиму тарбияи онҳо машғул мегарданд.
Ҳайати меҳмонон аз шароити зисти яке аз хонаводаҳои гузари Шимкент боздид намуда, бо урфу одат ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Дар маҷлисгоҳи хурди Кохи Рӯдакӣ мулоқоти меҳмонон бо соҳибкорон баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Муовини ҳокими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Уласбек Садибеков барои пазироии гарму самимӣ арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки дар вилояти Ҷануби Қазоқистон ва дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Қазоқистон ба рушди соҳибкорӣ диққату эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Марат Қаробоев сардори Раёсати соҳибкории вилояти Ҷануби Қазоқистон дар бораи имтиёзу дастгириҳои давлатӣ нисбати соҳибкорӣ маълумоти муфассал дод. Ӯ гуфт, ки дар Қазоқистон Барномаи махсуси давлатии индустриякунонии Ҷумҳурӣ қабул шудааст, ки дар доираи он 725 лоиҳа татбиқ мешавад ва ҳар панҷумини он бунёди корхона ё заводи нав аст. Таи 5 соли охир 135 заводи нав сохта ба истифода дода шуд. ӯ гуфт, ки тибқи қарори Ҳукумати ин кишвар ба нафароне, ки бори нахуст ба соҳибкорӣ оѓоз мекунанд, имтиёзҳои зиёде аз ҷумла, таи 12 сол озод будан аз пардохти ҳама гуна андоз пешбинӣ шудааст. Дар вилояти Ҷануби Қазоқистон барои ташкили соҳибкорӣ ба маблаѓи 20 млн. доллар қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст, ки аз ин қарз чӣ соҳибкорони ватанӣ ва чӣ хориҷӣ бе ягон мамониат истифода намоянд. Хадамотҳои махсусе амал мекунанд, ки ба соҳибкорони нав дар таҳияи лоиҳа, тахт кардани ҳуҷҷатҳо оид ба гирифтани қарз ба таври ройгон кӯмак мерасонанд. Ба шарофати ҳамин гуна дастгириҳо дар вилояти зикршуда 186 ҳазор нафар соҳибкор фаъолияти худро ба роҳ мондааст, ки дар миқёси кишвар нисбати рушди соҳибкорӣ вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ дар ҷойи якум қарор дорад.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Нурлан Сейтимов оид ба таърихи пайдошавии халқҳои қазоқ дар ҷумҳурӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар гузаштаву имрӯз байни Тоҷикистону Қазоқистон ҳарф зада, соҳибкорони тоҷикро ба фаъолияти соҳибкорӣ на танҳо дар вилояти Ҷануби Қазоқистон, балки дар дигар минтақаҳои ин мамлакат даъват намуд.
Сафари меҳмонон бо зиёфати расмӣ дар тарабхонаи «Садбарг» анҷом ёфт. Дар ин ҷо аз тарафи меҳмонон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ҷомаи халқи қазоқ пӯшонида шуд. Дар навбати худ Раиси шаҳр ба ҳайати меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва китоби мусаввараи шаҳри Хуҷандро тақдим намуд.