(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи валейболи соҳилӣДар майдони варзишии назди соҳили Сирдарё давоми ду рӯз мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба волейболи соҳилӣ баргузор гардид. Тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобикахо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хуҷанд  ва Бахши чавонон, варзиш ва сайёхӣ дар майдони варзишии назди сохили Сирдарё мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба волейболи соҳилӣ гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи варзишии мазкур 4 дастаи волейболбозон  соҳилӣ  байни ҳам мусобиқа намуданд.
Лозим ба қайд аст, ки хусусияти хоси ин намуди варзиш аз он иборат аст, ки як даста аз ду нафар волейболбоз иборат буда, майдон бозӣ дар регзори соҳили дарё барпо карда мешавад. Чуноне, ки дар интиҳои ин мусобиқа валейболбозон Норбобо Алиев ва Мирҷалол Ҳаитов чун дастаи ғолиб мақоми аввалро соҳиб гаштанд. Ҷойи дуюмро бошад Дониёр Суюнов ва Аҳмадалӣ Мирзоқулов ишғол намуданд.Дастаи Баҳодур Назиров Даврон Норбоев ва Шавкат Баротов, Руслан Фозилов соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ба ғолибон дар қисати ҷамбастии мусобиқа тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.