(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Фавти бемаҳали рассомРассоми мониқалам, саррассоми Театри ба номи Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд Акбари Маҳмудзодро кулли аҳли фарҳангу ҳунар мешинохтанду эҳтиромаш мекарданд. Вай зода ва парвардаи Хуҷанди бостон, дастпарвари Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови пойтахт ва Донишгоҳи олии рассомии Театрии шаҳри Маскав буд.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 баъди хатми донишкадаи олии соҳавӣ ба ҳайси расссом-ороишгар дар Театри ба номи Хоҷа Камол оғоз карда, то лаҳзаи вопасини умри хеш дар ин даргоҳи муқаддас ба сифати рассом-таҳиягар ва минбаъд саррассом софдилона меҳнат кард.
Дирӯз бошад, ин ҷавонмарди ҳунарманд дар айни камолоти умри худ-55 солагӣ ба таври ногаҳонӣ аз олам чашм пӯшид. Субҳи имрӯз дар Театре, ки тамоми умр фаъолият кард, аҳли илму фарҳанг ва ҳунару адабиёт барои пос  доштани хотираи неки ин рассоми мониқалам ба митинги мотамаш омаданд.
Раиси Иттифоқи рассомони вилоят Ғафурҷон Ҷӯраев митинги мотамро оғоз намуда, аз роҳи тайкардаи рассом Акбари Маҳмудзод дар зиндагиву майдони ҳунар ҳарф зад. Гуфт, ки «фаъолияти Акбар Зайниддинович дар ҳама вазифаҳо ҳмеша барои боз ҳам оро додани намоишҳои театр, чораби ниҳои бузурги фарҳангиву бадеӣ равона гардида буд. Ороиши «Корвони Наврӯзӣ», ки соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, аз қуллаи баланди маҳорати ӯ башорат дод».
Рассом Акбари Маҳмудзод барои хизматҳои арзанда дар рушду нумӯъи санъати миллӣ бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоҳҷоизаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқии соҳавӣ қадршиносӣ шудааст.
Дар митинги мотам аз номи аҳли фарҳанги кишвар муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назаров, аз номи аҳли фарҳанги вилоят сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев баромад карда, аз хизматҳои шоиста ва хислатҳои неки Акбари Маҳмудзод бо дидаҳои гирён ёдовар шуданд. Эшон ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуданд.
Бародари рассом Ҳоҷӣ Мирзоакрам Маҳмудов ба кулли иштирокчиёни митинги мотам, ба ташкилкунандагони маросими видоъ барои заҳмату иштирокшон дар гусели бародараш ба роҳи охирин арзи сипос намуд.
Ҷасади рассом Акбари Маҳмудзод баъди хондани ҷаноза дар оромгоҳи «Болтухон»-и шаҳр ба хок супорида шуд.