(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ оғоз гардид.Тибқи нақшаи тақвимии баргузории чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва омодагии варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 инчунин фармони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ байни варзишгарони соли таваллуди 2002 ва калонсолон аз санаи 22 то 24 июли соли 2016 дар Маҷмаи ҳавзаҳои шиноварии варзишгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур 72 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда истодаанд. Мақсад аз баргузори мусобиқа тарғиби шиноварӣ байни наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.