(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлил: ТАНИНИ  ЗАНГИ  КАМОЛОТДар тамоми мактабҳои миёнаи Тоҷикистони соҳибистиқлол субҳи рӯзи ҷумъа, санаи 7-уми июн занги охир дар соли хониши 2012-2013 садо дод. Он барои хатмкунандагон занги охирини давраи мактабхонӣ, вале занги нахустин дар ҳаёти мустақилона маҳсуб шуд.

Ба ифтихори «Занги камолот» дар кулли муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд низ чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ доир гардиданд.

Ин навбат Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо ҳамроҳии муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов ба табрики устодону хонандагони Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-уми шаҳр ба номи 20-солагии Тоҷикистон омаданд. Дар саҳни мактаб, ки садҳо нафар омӯзгорону шогирдон гирд омада буданд, чорабинии хотирмон баргузор гардид.

Таҷлил: ТАНИНИ  ЗАНГИ  КАМОЛОТНахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов сухан карда, аз дастгириву ғамхории пайвастаи Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода нисбат ба аҳли маорифи мамлакат ёдовар шуд. Зикр гардид, ки таваҷҷӯҳи роҳбарони давлату ҳукумат баҳри рушди бемайлони соҳаи маориф сол аз сол бештар гардида, маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоят меафзояд.

Чуноне зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат қайд намуданд: «Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаи маориф дар ҳачми 2 миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд мебошад».

Муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов дар баромади хеш иброз кард, ки воқеан, Сарвари мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳавасмандии кормандони соҳаи афзалиятноки ҷомеа-устодону омӯзгорон пайваста тадбирҳои саривақтӣ ва мушаххас меандешанд. Ҳамасола баланд бардоштани музди меҳнати онҳо ин гуфтаҳоро собит менамояд. Аз 1-уми сентябри соли равон низ маоши вазифавии омӯзгорони мактабҳои миёна ба андозаи 30 фоиз зиёд карда хоҳад шуд, ки ин пайғом эшонро басо шод гардонд.

Номаи табрики Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзодаро сардори Раёсати маорифи вилоят Саидмухтор Ҷалолов ба самъи ҳозирин расонида, ҷамъомадагонро бо занги камолот шодбош гуфт.

Тӯҳфаи Раиси шаҳри Хуҷанд ба устодону хонандагони МТМУ  № 5 дар рӯзи тантанаи занги охир 100 адад миз ва 200 адад курсии талабагӣ буд. Ҳамзамон, собиқадорони меҳнат, омӯзгорони Таҷлил: ТАНИНИ  ЗАНГИ  КАМОЛОТпешсаф ва толибилмони фаъол бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Бояд зикр намуд, давоми соли хониши 2012-2013 дар мактаби мазкур 70 нафар устодон ба наздик 1200 нафар хонандагон таълим додаву тарбият карданд. Имсол ин кошонаи илму адаб ва маърифатро 90 нафар талабагони синфи 11 ва 91 нафар хонандагони синфи 9-ум хатм менамоянд.

Дар маҷмӯъ, имсол муассисаҳои таълимии шаҳрро 2 ҳазору 600 нафар хонандагони синфи 11 ва 2 ҳазору 928 нафар талабагони синфи 9-ум пас аз супоридани аттестатсияи давлатӣ хатм хоҳанд кард.