(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)

Табрикоти  Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба занги камолотОмӯзгорон ва хонандагони арҷманд!

Дар кишвари хуршедию соҳибистиылоли мо – Тоҷикистони гулафшон як соли хониши дигар сипарӣ шуда, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ «Занги камолот» садо медиҳад. Ба ин муносибат кулли омӯзгорону хонандагон ва махсусан, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии комил, рӯзгори фараҳбахш, файзу иыболи зиндагӣ, роҳи сафед ва барору комёбиҳоро таманно менамоям.

Соли хониши 2012-2013-умро аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд бо рӯҳияи баланди шукргузорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиыбол намуда, дар давоми соли таҳсил ба дастовардҳои назаррасу шоиста ноил гардиданд.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат дар назди наврасону ҷавонон ва муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, омӯзишу истифодаи технологияи ҷадид, забономӯзӣ, ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба корҳои илмӣ-тадыиыотӣ, навоварию ихтироъкорӣ, тарщиби варзиш ва таҳкими ҳаёти солим, пешгирӣ аз гароиш ба ҳизбу равияҳои иртиҷоӣ ва экстремистиву террористӣ, болотар аз ҳама, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз Ватан, эҳтироми арзишҳои гузаштаву имрӯзаи миллӣ гузошта шуд.

Дар давоми соли хониш бо дастгирии Раиси вилояти Сущд, мӯҳтарам Ыоҳир Расулзода сохтмони мактаб ва кӯдакистони инноватсионӣ бо суръат идома дорад, ки дар арафаи соли нави хониш дари худро ба рӯи кӯдакону толибилмон боз хоҳанд кард. Ин ҳама аз щамхорию таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи афзалиятноки ҷомеа–маорифро нишон медиҳад. Натиҷаи ҳамин тадбирҳои созанда буд, ки дар соли хониши 2012-2013 омӯзгорону хонандагони шаҳр ба муваффаыияту комёбиҳои назаррас мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои таълимӣ 17 нафар хонандагони шаҳр ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Хатмкунандагони азиз!

Ин лаҳзаҳо ыалбҳои Шуморо фараҳу шодӣ ва ҳаяҷони гуворо фаро гирифтааст. Зеро, Шумо дар лаҳзаҳои бароятон хотирмону таыдирсоз ва пурфайзу шукӯҳ, лаҳзаи занги камолот ыарор доред. Бале, имрӯз занги охирини рӯзҳои мактабӣ садо медиҳад, вале бояд донед, ки ин занги аввалинест дар шоҳроҳи мустаыили зиндагӣ.

Бори дигар ба муносибати анҷоми соли хониш ҳамаи Шумо-омӯзгорон ва хонандагони арҷмандро табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳату саломатӣ, саодати рӯзгор ва дастовардҳои нави таълимиро таманно менамоям.

 

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                      Раҷаббой Каримов