(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо дастуру супориши Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидояти Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар доираи 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи соҳибкорони бонангу номус бисёр иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. То ба имрӯз даҳҳо тарабхона, маркази савдо, муассисаҳои таълимиву табобатӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд ёфтанд, ки ин аз соҳибистиқлолии Ватан дарак медиҳад.

Бо дастгирии соҳибкори туркӣ Рамазон Куюҷак дирӯз қаҳвахонаи туркӣ-тоҷикӣ бо номи “Истамбул” дар мавзеи хушманзара ва қадимаи тирози ҷаҳон – Панҷшанбе дари худро барои меҳмонон ва ҳамшаҳриён боз кард, ки бо ин иқдом 15 ҷойи нави кор муҳайё гардида, шароити иқтисодии 15 оила рӯ ба беҳбудӣ хоҳад ниҳод.

Пайғом: “Истамбул” дар хидмати мардумДар баробари ин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкори саховатпеша хатнасури 12 нафар кӯдакон ботантана таҷлил гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода кулли кӯдаконро муборакбод намуда, ба соҳибкори турк Рамазон Куюҷак барои чунин иқдоми шоистааш арзи сипос карданд.

Пайғом: “Истамбул” дар хидмати мардумПас аз буридани лентаи рамзӣ меҳмонон вориди қаҳвахона шуда, бо кӯдакону наврасон ва волидайни эшон назди дастархони идона нишастанд. Аҳли санъат бо суруду мусиқиҳои рӯҳнавоз хотири аҳли нишастро шод гардонданд.