(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Нидо аз умқи қарнҳоё чаро мо ба рӯйдоди муҳими таърихӣ бепарвоем100 сол муқаддам имшабу рӯзҳо, аниқтараш, 4-уми июл дар шаҳри Хуҷанд шӯриши оммавӣ сар зада буд, ки онро олимону муҳаққиқон дорои харакетри миллӣ-озодихоҳӣ ва ҳақиқатан халқӣ арзёбӣ кардаанд. Сабаби асосии шӯришро эшон дар зулму истибоди боёни маҳаллӣ ва ҳамзамон ҳукуматдорони ҳукумати подшоҳии Русия номида, нисбати тадқиқи он ҷустуҷӯҳои зиёди илмӣ бурдаанд.
Яке аз чунин нафарон муаррихи варзидаи тоҷик Темур Каримов аст, ки бахшида ба ин рӯйдодли муҳими таърихӣ бо номи «Шӯриши соли 1916 дар Тоҷикистон» (Нашр. Ирфон, Душанбе, соли 1966) китоби мукаммал ба қалам додаст. Мавсуф яке аз сабабҳои асосии шӯришро дар мардикоргирии мардуми маҳаллӣ барои мустаҳкаамм намудани ақибгоҳи армияи амалкунандаи Русия номида аз ҷумла чунин менигорад: Нидо аз умқи қарнҳоё чаро мо ба рӯйдоди муҳими таърихӣ бепарвоем «2 июли соли 1916 сардори уезди Хуҷанд полковник Рубах ва ҷонишини ӯ подполковник Арӣишевский ҳокимони волостҳо, сардорони политсияи участкаҳо ва дигар амалдорони подшоҳиро даъват намуда, фармони подшоҳро дар бораи ба корҳои ақибгоҳи армияи амалкунанда сафарбар намудани аҳолӣ эълон карданд». (саҳ. 57).
Тавре дар идома навишта мешавад, муовфиқи тақсимот аз шаҳри Хуҷанд бояд 2708 нафар ба корҳои ақибгоҳи армияи амалкунандаи Ҳукумати подшоҳӣ фиристода мешуд. Барои амалӣ намудани ин қарор сардори политсияи шаҳр штабс-капитан Устимович маҷлис ороста оқсақоли калони шаҳр Мирзобаҳодур Мирзоқосимов, қозӣ Саидаҳмадхоҷа Бузуругхоҷаев, депутати думаи шаҳрӣ Мирзо Мӯъминов, савдогару амалдори калон Комилҷон Олимҷонов, намояндаи маъмурияти маҳаллӣ Мирзоқобил Умаров оқсақол Бобораҳим (бобои ходими давлатию ҷамъиятӣ Гулҷаҳон Бобосодиқова)  ва умуман боёну элликбошиҳои шаҳрро вазифдор сохт то ки дар иҷрои фармон чораҳои амалӣ андешанд. Ин фармон ба зулму истибдоде, ки мардуми маҳаллӣ дучор омада буданд, «болои сӯхта намакоб» шуд. Косаи сабри аҳолӣ пур гардида, худи ҳамон рӯз мардум ба назди масҷиди ҷомеъи Шайх Маслиҳатдин ҷамъ омада нисбати ин қарор эътирози қатъӣ баён карданд.
«Мардуми ба хашмомада ба ин талаби вай ҷавобан бо қатъият гуфтанд, ки «ба аскарӣ одам намедиҳем»,- овардааст, олим дар идомаи тадқиқоташ,- то бегоҳ ин хашму щазаб тамоми шаҳрро фаро гирифт ва мувофиқи хабаре, ки худи Арӣишевский ба генерал-губернатори кишвар равона кардааст, шаби 4 июл дар шаҳри кӯҳна, бозори Панҷшанбе ба муносибати ба корҳои ақибгоҳи армия даъват карда шудани аҳолӣ ошӯби мардуми маҳаллӣ ба амал омад» (Т.Каримов, «Шӯриши соли 1916 дар Тоҷикистон», саҳ. 58).
Тавре сарчашмаҳои таърихӣ иттилоъ медиҳанд, бо мақсади паст кардани хашми мардум ҳукуматдорони маҳаллӣ эълон мекунанд, ки фармони мардкоргирӣ ба корҳои ақибгоҳи армияи амалкунанда муваққатан боздошта шудааст. Аммо, оммаи халқ «инҳо дурӯщ мегӯянд, ба Мирзобаҳодур оқасақолу ҳамроҳонаш бовар накунед»-гӯён ба назди идораи политсияи шаҳрӣ (имрӯза матбааи аввалини шаҳри Хуҷанд) рафта сардори уезд Рубахро даъват мекунанд, то ки мувааққатан бозмонда шудани фармонро аз забони худаш шунаванд. Набудани Рубах дар ҷойи корӣ ва ҷони худро аз издиҳоми ба шӯр омада халос карда пинҳон шудани Мирзобаҳодур оқсақолу қозии шаҳр Саидаҳмадхон ба даруни махкама ҳозиринро боз ҳам хашмноктар сохт ва бетартибиҳо ба авҷи аълояш расида буд, ки ниҳоят аз ҷониби политсайҳо бар зидди издиҳом тир паронда шуд. «Ба тирпарронии зидди аҳолӣ оқсақоли калони шаҳр Мирзо Муъминов ищво дода буд,- менависад муаллиф,-баъд аз тирпарронии вай гуфта мешавад, дар протоколи тафтишот, шӯришгарон ақиб гаштанд. Аммо, дар ҳамин вақт фарёд баромад «Мирзобаҳодур парондан гир, он гоҳ мардум бигзор моро кушанд, гӯён боз ҳуҷум карданд. Пас аз он ки ӯ аз таппончааш якчанд маротиба тир холӣ кард ва баъд аз гурехтани ӯ  садои милтиқпарронӣ ҳам баромад» (ҳамон ҷо, саҳ. 61).
Аз рӯи маълумотҳои таърихӣ кушташудагон инҳо буданд: сокини маҳаллаи «Хосабофон» Муҳамадҷон Миробидови 23 сола, сокини маҳаллаи «Тангак» Оқилшайх Неъматшайхови 80-сола, ярадоршуда сокини маҳаллаи «Пахтакашон» Мирзоҳид Мирфайзиеви 23 сола буд. Маълум мегардад, ки гоҳо бераҳмиро нисбати ҳаммилату ҳамдини худ оқсақолону боёни маҳаллӣ низ дар ин шӯриш раво дидаанд. Далели ин гуфтаҳо аз ҷониби оқасақоли калони шаҳр Мирзобаҳодур Мӯъминов паронда шудани се тан аз иштирокчии шӯриш Мирзоҳид Мирзофайзиев, Махсумхон Олимхонов ва Шокаримов аст, ки инро муаллиф дар саҳифаи 62-юми рисолаи худ ба таври асоснок овардааст.
Бино ба маълумотҳои сарчашмаҳои таърихӣ дар ин шӯриш баробари инқилобчиён Ҷӯра Зокиров, Ҷӯра Алӣ, Зубайдулло Раҳматуллоев, Абду Мадаминов, Дадобой Машарифов, Яҳёхон Қориолимхонов ва Эшонхон Мирзоӯрунов сокини шаҳри Хуҷанд Бисолиҳа Қобилхоҷаева (байни мардум ин зан бо номи Ходими ҷамолак маъруф буд) фаъолнокии баланд нишон додаст. Дар китоби «История Ленинабада» (Душанбе, Изд. Ирфон, саҳ.183). дар бораи корнамоии из зани далеру шуҷоъ ин гуна сатрҳоро хондан мумкин аст: Дар ин шӯриш Ходими ҷамолак қаҳрамонӣ зоҳир кард. Вай нотарсона аз дасти яке аз политсайҳо шамшерашро кашида гирифта дупора кард. Баъди ин аскарон аз болои қалъа ва политсайҳо, ки байнашон оқсақоли калони шаҳр Мизобаҳодур Мирзомӯъминов буд, аз канселярия истода, ба халқи беяроқ бераҳмона оташ кушоданд.
Боиси тазаккур аст, ки ба дастгирии шӯришгарони Хуҷанд тамоми волостҳои уезд бархост. «Чуноне, ки муаррих Искандаров Б. дар китоби худ «Восстание 1916 года в Ходҷенте и его влияние на другие районқ Средней Азии» саҳ. 16 менависад «10 июл шӯриш дар Дилварзин, 17 июл дар Пунук, қисмати болову поёнии  Ашт, санаи 1 август дар волости Щончӣ (имрӯза Деваштич), 4 август дар Қистақӯз, 8-август дар Унҷӣ, барпо шуд».
Дар сарчашмҳои дигари таърихӣ оварда мешавад, ки минбаъд ин гуна шӯришҳо дар Ашти Поёну Ашти Боло, волостҳои Қистақӯзу Ӯротеппа, Шаҳристон, бекигарии Қабодиёну Қаротегин ҳатто Шаҳрисабзу Бухоро, Ҷиззаху минҷумла тамоми Осиёи Миёна низ рух медиҳанд.
Аммо, ин шӯришҳо бо фармони ҳукуматдорони маҳаллӣ аз ҷониби аскарону афсарон бераҳмона пахш мешаванд. Даҳҳо одамон бадарща ва амволу заминашон мусодира карда шуданд. «Масалан, дар уезди Ҷиззахи вилояти Самарқанд то 600 оила бадарща карда шуд. Дар Хуҷанд бошад, бо фармони полковник Рубах ҳолати ҳарбӣ эълон шуда, дар шаҳр гашту гузор кардан то соати 21 иҷозат шуда буду халос. Политсайҳо бе ягон пурсиш одамонро калтаккӯб мекарданду мекуштанд. Ярадорон бошад, зери таҳқиру азобҳои пушиканҷа гирифа мешуданд. Бо қарори суди ҳарбӣ нисбати 400 нафар иштирокчиён ҳукм бароварда шуд»,-оварда мешавад, дар китоби «Иследование по истории и кулҳтуре Ленинабада» ( Изд. «Дониш», Душанбе, 1986. саҳ. 40).
Бино ба маълумотҳои таърихӣ мавзеи имрӯза варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳр барои шӯришгарон лагери махсус сохта шуда буд.Ва 400 нафар иштирокчиёни шӯриши Хуҷанд дар ин ҷо бо роҳҳои гуногун ба қатл расонида шудандӯ.
Боиси тазаккур аст, ки ба ин рӯйдоди таърих Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Раҳим Ҷалил низ рӯй оварда, дар қисми якуми романи худ «Одамони ҷовид» (нашр. «Ирфон», 1966, саҳ. 156) ду боби махсусеро бо номи «Иродаи императори аъзам» ва «Шӯриш» бахшидаанд. Лаҳзаи қаҳрамонии Ходими ҷамолакро устод бо обу ранги бадеӣ ин тавр тасвир кардаанд:
«Овози Ходими ҷамолак, ки фаранҷии бечашмбандро ба сараш яклаба гирифта буд, баланд шуд:
-Писаронам, нагурезед, одамкушонро занед. Мо намехоҳем, ки писарони мо ба доми бало раванд.
ӯ Аз рўи нақли шоҳидон дар ин мавзеъ солҳои 30-юми асри гузашта ҳукми суд нисбати «душманони халқ» ба иҷро расонида мешуд. Иштирокчии барпокунии сохти колхозӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндаёд Раҳимбой Болтуев тирамоҳи соли 1990 ба ману тарҷумони варзида, директори Нашриёти ДДХ Абудмавлон Самеев ин мавзеъро нишон дода гуфта буданд, ки «мо бо уштур он солҳо барои аскарон бо кӯпруки кӯҳна ангишт мекашонидем. Бо чашми сар медидам, ки чӣ тавр асиронро ба лаби чуқурии кофташуда меоварданду баъди хондани ҳукми «тройка» мепаронданд ва ҳадаҳа аз болояшон оҳак мерехтанд».
Ходими ҷамолак дуруст мегӯяд, одамкушонро занед!- овозе шунида шуд.
Овози модар аъзои бадани намоишчиёнро виҷҷос занонд. Одамон боз ба ҷои аввалаи худ омаданд. Кадом як кас политсияро щалтонда ба зераш гирифт. Шамшери вай канда шуда ба замин афтод. Ходими ҷамолак шамшерро гирифта ба замин зада шикаст» (ҳамон ҷой, саҳ. 169).
Ҳамчунин ба ин ҳаводиси таърихӣ дигар аз аҳли қалам ва зиё рӯй овардаанд. Ҳаким Карим ва Дунган (тахаллуси академик З.Ш.Раҷабов) соли 1940 драмаи «Соли 1916» навиштанд. Драматург Султон Сафаров бошад, соли 1964 драмаи «Шарораҳои Хуҷанд»-ро ба қалам дод.
Шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд асоси воқеаҳои соли 1916 дар Осиёи Марказӣ шуданд, ки минбаъд ин ҳаводиси таърих дар маркази диққати муарихони бисёр қарор гирифтааст. Тавре онҳо менигоранд, «шӯриши Хуҷанд ва волостҳои он зуд ба гӯши меҳнаткашони Самарқанду Сирдарё, Семипалатинсику Фарщона, Закаспий, Акмолинск, Уралу вилояти Турщайи  Қазоқистон расид. Шӯриш характери оммавӣ дошта, аҳолиро новобаста аз миллату тааллуқияти диниаш фаро гирифт».
Тавре муаррих Темур Каримов менигорад: «Баъд аз воқеаҳои Хуҷанд дар тамоми территорияи Осиёи Миён ошӯбҳо ба амал омада, гӯшаву канорҳои гуногунро паси ҳам фаро гирифтанд. Шӯриши халқи қазоқ бо роҳбарии Амонгелдӣ Имонов шӯриши калонтарин буд. Губернатори вилоятӣ ба генерал-губернатори Туркистон Алексей Куропаткин навишта буд, ки «маҳз баъд аз шӯриши Хуҷанд «шӯриш дам дар ин ҷо ва дам дар дигар ҷо сар мезадагӣ шуд». («Шӯриши соли 1916»,саҳ. 84)
Мутаассифона, оид ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, чорабине барпо карда нашуд. Баръакс, зимоми роҳбариро дар ин кор олимони ҷумҳурии ҳамсояи Қирщизистон ба даст гирифта, чандин конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва вохӯриву мулоқотҳо барпо намуданд. Ҳол он ки тавре дар боло исбот шуд, асосу заминаи ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Осиёи Марказӣ маҳз дар шаҳри Хуҷанди бостон гузоштаанду мо бошем, мӯҳри хомӯшӣ ба лаб задаем.

Мирзоаъзам Мақсудов
аъзои Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон